расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Сухангӯи толибон: ташкили артиши исломӣ то ду сол такмил мешавад

Сиёсат / Ҷаҳон

Сухангӯи толибон: ташкили артиши исломӣ то ду сол такмил мешавад

Намояндаи толибон гуфт, ки ин гурӯҳ дар пайи ташкили як артиши исломӣ аст, ки дар давоми ду соли оянда ба анҷом хоҳад расид

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи толибон гуфт, ки ин гурӯҳ дар талоши ташкили як артиши исломӣ аст ва ташкили он ду соли оянда такмил мешавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Муҷоҳид таъкид кард, ки Афғонистон барои ҳифзи амният ва истиқлоли худ ба 100 ҳазор сарбоз ва ё бештар аз он ниёз дорад.
Вай гуфтааст, ки артиши толибон дар давоми ду сол такмил меёбад.

«Теъдоди аъзоён ҳанӯз маълум нест, аммо нерӯҳои амниятии Афғонистон барои ҳифзи амният ва истиқлоли кишвар бешубҳа ба 100 ҳазор ё бештар аз он ниёз доранд», — афзуд Муҷоҳид.

Ба гуфтаи вай, ба сафи артиши ҷадид сарбозони собиқ, бахусус онҳое, ки таҷрибаи техникӣ доранд шомил хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангӯи вазорати дифои толибон дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар бораи он чизе, ки толибон «артиши исломӣ» меноманд, тафсилоти бештар дод.

Ба гуфтаи вай, артиши толибон бо «таҷҳизоти низомӣ, силоҳ, ахлоқ ва ғайра, аз ҷумла истиқлолият, тааҳҳуд, ростқавлӣ, имон ва сифатҳои дигар» муҷаҳҳаз хоҳад шуд.

Дар ҷараёни берун кашидани шаҳрвандони хориҷӣ теъдоди зиёде аз фармондеҳони аршади артиш, нерӯҳои иктишофӣ ва хонаводаҳои онҳо аз Кобул аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳои мухталиф интиқол дода шуданд.

«Акнун низ шуморе аз сарбозони артиши пешин дар ҷамъи мо ҳастанд», — гуфт вай.

Қаблан Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи ҳукумати толибон дар Покистон гуфта буд, ки Афғонистон ба артиши бузург ниёз дорад ва як артиши хурд наметавонад амнияти кишварро таъмин кунад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.