расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Як гурӯҳи муҳоҷирон аз Беларус ба Лаҳистон гузаштанд

Сиёсат / Ҷаҳон

Як гурӯҳи муҳоҷирон аз Беларус ба Лаҳистон гузаштанд

Як гурӯҳи муҳоҷирон тавонистанд тариқи гузаргоҳи «Брузги» — и Белорус вориди қаламрави Лаҳистон шаванд

Дар гузаргоҳи «Брузги» як гурӯҳи муҳоҷирон аз Беларус ба Лаҳистон убур карданд, хабар медиҳад Sputnik Беларус.

«Гурезаҳо симчӯбро тахриб намуданд <…>, полиси Лаҳистон ҳама чизро наворбардорӣ кард», — гуфта мешавад дар канали Telegram-и агентӣ.

Дар навор маълум аст, ки даҳҳо нафар марзи Беларусро убур кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии марзбонии Беларус гуфтааст, ки камтар аз сад гуреза аз марз гузаштааст.

Дар Варшава гуфтанд, ки нерӯҳои амниятии Беларус ба муҳоҷирон кӯмак кардаанд, аммо Минск ин хабарро рад кард.

Ҳанӯз тобистони имсол дар марзи Беларус бо Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтика, ҷараёни гурезаҳо аз Ховари Миёна ва Африқо, ки мехоҳанд ба Аврупои Ғарбӣ гузаранд, афзоиш ёфта буд.

Вазъият якбора рӯзи 8 ноябр, вақте ки тақрибан ду ҳазор нафар дар назди мар ҷамъ омаданд, тезу тунд кард.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.