расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Таркиши мудҳиш аснои намози ҷумъа масҷиди Афғонистонро оғуштаи хун кард

Сиёсат / Ҷаҳон

Таркиши мудҳиш аснои намози ҷумъа масҷиди Афғонистонро оғуштаи хун кард

Теъдоди захмиёну кушташудагон бар асари таркиши мудҳиш дар масҷиди Нангарҳор дақиқи мешавад

 Дар масҷиди вилояти Нангарҳори Афғонистон таркиши мудҳиш рух дод, хабар медиҳад шабакаи Ал-Ҷазира».

Ба иттилои манбаъ, таркиш аснои намози ҷумъа рух дод. Ҳоло маълум нест, ки бар асари ин ҳодисаи даҳшатбор чанд нафар қурбон шуданд.

Манбаъ танҳо аз захмӣ шудани 15 намозгузор гузориш додааст
Ҳадс зада мешавад. ки ин навбат ҳам ҷангиёни ДОИШ* ин ҳамларо пиёда намуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8 октябр як масҷиди шиаҳо дар бандари Хонободи вилояти Қундуз таркиши бузург ба амал омад. Бар асари таркиш тақрибан сад ғайринизомӣ кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳамла ба масҷид замоне сурат гирифт, ки дохили он теъдоди зиёде буданд, ки намози ҷумъаро адо мекарданд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.