расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Вазири нақлиёт: Ронандаҳои “Таксиҳои 5-сомона” ҳам зиндагӣ доранд (навор)

Сиёсат / Ҷомеа

Вазири нақлиёт: Ронандаҳои “Таксиҳои 5-сомона” ҳам зиндагӣ доранд (навор)

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон теъдоди ронандаҳо ва нуқтаҳои фаъолияти “Таксиҳои 5-сомона”-ро муайян кардааст ва масъалаи мазкурро дар ҷараёни омӯзиш қарор додааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, “омӯхтан маънои манъ карданро надорад”.
— Мо аввал бояд омӯзем, ки “Таксиҳои 5-сомона” дар кадом ҳолат қарор доранд ва чӣ гуна бо роҳи қонунӣ онҳоро ҷалб кунем, то касе монеи фаъолияташон нагардад. Онҳо ҳам фарзанд доранд, мехӯронанд. Бояд тавре кунем, ки онҳо бе мушкилот ба чорчӯбаи қонун дароянд. Зиндагиро манъ карда намешавад, онҳо бояд нон хӯранд. Аз ин рӯ, мо бояд ин масъаларо омӯхта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии ҳокимияти шаҳри Душанбе қароре қабул кунем, ки ба манфиати мардум бошад. Алҳол масъалаи фаъолияти “Таксиҳои 5-сомона” дар ҷараёни омӯзиш ва қабули тасмим қарор дорад, — гуфт вазири нақлиёт Азим Иброҳим.
Ёдовар мешавем, ки манбаи “Фараж” дар Вазорати нақлиёти кишвар моҳи октябри соли гузашта хабар дод, ки вазир дар як ҷаласаи Вазорати нақлиёт масъалаи фаъолияти “Таксиҳои 5 сомона”-ро мавриди таҳлил қарор дода, ба масъулин дастур додааст дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шумораи ин намуди нақлиётро  дар шаҳр муайян ва роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.