расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Вакилон бидуни баррасӣ фармонҳои президентро тасдиқ карданд

. / Сиёсат

Вакилон бидуни баррасӣ фармонҳои президентро тасдиқ карданд

Инчунин як қатор созишномаҳои байниҳукуматиро маъқул донистанд.

Бинои парлумони Тоҷикистон
Сурат: аз торнамои novosti.tj
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз фармонҳои президентро дар бораи таъини Мирҳаёт Ёқубзода ва Фирдавс Толибзода ба вазифаи муовинони раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ якдилона ва бидуни баррасӣ тасдиқ кард.
Вакилони мардумӣ инчунин Созишномаи моҳи ноябри соли гузашта баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) дар бораи ба Тоҷикистон ҷудо гардидани 10 млн доллар грант маъқул донистанд.
Ҳадафи амалисозии лоиҳа, ки солҳои 2021-2023-ро дар бар мегирад, мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 16 ноҳияи кишвар мебошад.
Минтақаи татбиқи лоиҳа ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Балхӣ, Фархор, Қубодиён, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ, Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҷомӣ, Зафаробод, Файзобод ва Дарвозро фаро мегирад.

Вакилон инчунин аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба истифодаи системаҳои алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ва мукаммалгардонии минбаъдаи онҳо ва  ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ ба манфиати қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ ҷонибдорӣ намуданд.
Тавре муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода қайд кард, мувофиқи меъёрҳои созишнома, Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ минбаъд метавонад бепул аз алоқаи моҳвораии таъиноти ҳарбии Русия истифода кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.