расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Озарбойҷон пазируфт, наздик ба 3000 низомиаш дар ҷанги ахири Қаробоғ кушта шуданд

. / Сиёсат

Озарбойҷон пазируфт, наздик ба 3000 низомиаш дар ҷанги ахири Қаробоғ кушта шуданд

Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи панҷшанбеи 3-юми декабр эълон кард, ки дар ҷанги ахири 44-рӯза бо Арманистон бар сари Қарабоғи Куҳӣ, 2 ҳазору 782 нерӯи низомии ин кишвар кушта ва 100 сарбозу афсар низ бедарак шудаанд.
Дар ин ҷанг, ки аз 27 сентябр то 10 ноябр идома дошт, ҳафт минтақа ба Ҷумҳурии Озарбойҷон бозгашт ва назорати Қарабоғи Куҳӣ, ки аксарияти сокинони он арманиҳо ҳастанд, то панҷ сол ба нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия супурда шуд, то касоне, ки се даҳсола пеш ё дар ҷанги ахир аз ин минтақа овора шуданд, ба сарзаминҳои худ бозгарданд.
Рӯзи чаҳоршанбе як мақоми вазорати тандурустии Арманистон ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳувияти ду ҳазору 717 ҷасади низомиён мушаххас нашуда ва эҳтимолан ҷасади бархе низомиёни Озарбойҷон дар миёни онҳо бошад. Раванди муайян кардани шахсияти даҳҳо нафар ҳануз идома дорад.
Ҳамчунин мақомоти давлати худхондаи Қарабоғи Куҳӣ қаблан гуфта буданд, ки шахсияти ҷасадҳои 1741 низомии армании ин минтақа муайян шудааст. Худи ҳукумати Арманистон то ба ҳол расман эълон накардааст, ки чанд низомии ин кишвар дар ҷанг кушта ё бедарак шудаанд ва танҳо гуфтааст, ки ҳувияти 2718 ҷасади низомиён мушаххас шудааст.
Низомиёни Арманистон ҳудуди сӣ сол қабл Қарабоғи Куҳиро, ки аксарияти аҳолии он (125 ҳазор нафар) арманӣ буданд, ишғол карда, ҳафт минтақаи атрофи онро, ки туркнишин буданд, ба назорати худ дароварданд. Дар ин набардҳо 30 ҳазор озарбойҷонӣ кушта шуданд ва як миллион нафар низ овора гаштанд, ки ҳудуди 30 ҳазор нафари онҳо аз Қарабоғи Кӯҳӣ буданд.
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон рӯзи озодсозии шаҳри Шуширо ҳамчун "Рӯзи миллии пирӯзӣ" номид. Озарбойҷон мегӯяд, шаҳри таърихии Шушӣ "Қалби фарҳангӣ"-и кишвар аст, ки се даҳа қабл ишғол шуда буд.
Қарабоғи Кӯҳӣ бар асоси қатъномаи СММ бахше аз хоки Озарбойҷон аст ва акнун барои панҷ сол нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия раванди оташбас ва ҳамчунин контроли долони Лочин, ки Арманистонро ба Қарабоғи Куҳӣ пайваст мекунанд, ба душ хоҳанд дошт.
Оворагони ҷанги се даҳсолаи ахир низ таҳти назорати Созмони байналмилалии муҳоҷират, вобаста ба СММ, ба Қарабоғи Кӯҳӣ боз хоҳанд гашт. Ҳукумати Озарбойҷон назорати ҳамаи ҳафт минтақаи атрофи Қарабоғи Куҳиро ба даст гирифтааст ва раванди роҳсозӣ ва барқарор кардани шаҳрҳо ва деҳаҳо барои бозгашти сокинони ин минтақаҳо оғоз шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.