расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: БАРКАНОРИИ САФИРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР УКРАИНА, ҲИНДУСТОН ВА АФҒОНИСТОН

Президент / Сиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: БАРКАНОРИИ САФИРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР УКРАИНА, ҲИНДУСТОН ВА АФҒОНИСТОН

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 сентябр Шарофиддин Имомро ба сабаби ба нафақа баромадан аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Афғонистон озод ва Саъдӣ Шарифиро сафири нав дар Кобул таъйин кард.
Ҳамин тавр, Файзулло Холбобоев "ба сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Украина сабукдӯш шуда, ба ҷои Давлаталӣ Назризодаро таъйин кард. Давлаталӣ Назризода то кунун консули Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия буд.Бо фармони президент ҳамчунин Султон Раҳимзода "ба сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон барканор карда шуда, ба ҷои ӯ акнун дар Деҳлӣ Душанберо Луқмон Бобокалонзода намояндагӣ хоҳад кард. Бо қарори Президенти Фонди байналмиллалии наҷоти Арал —  Эмомалӣ Раҳмон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъин шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 сентябр ҳамчунин полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевичро сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллӣ таъин кард.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
озод намудани Имом Ш.З.
 
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 сентябри соли 2020
№1613

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина
озод намудани Холбобоев Ф.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 сентябри соли 2020

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон
озод намудани Раҳимзода С.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 сентябри соли 2020
№1615

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон
таъин намудани Бобокалонзода Луқмон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Бобокалонзода Луқмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 сентябри соли 2020
№1617

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина
таъин намудани Назризода Д.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Назризода Давлаталӣ Ҳайдар Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 сентябри соли 2020
№1618

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
таъин намудани Шарифӣ Саъдӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Шарифӣ Саъдӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 сентябри соли 2020
№1619

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сардори Раёсати разведкаи
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани полковник Сатторов Ҳ.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 сентябри соли 2020
№1616

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.