расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Зеленский гуфт, ба ӯ лозим аст чанд бор бо Путин вохӯрад

Президент / Сиёсат / Ҷаҳон

Зеленский гуфт, ба ӯ лозим аст чанд бор бо Путин вохӯрад

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бар ин назар аст, ки ҳангоми бастани созишномаи Киев ва Маскав, як мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин кофӣ нахоҳад буд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ман тарафдори тезтар шудани мулоқот бо Русия ҳастам. Фикр намекунам, ки як мулоқот басанда аст. Бо як мулоқот сари ҳамаи масъалаҳо ба мувофиқа расидан ғайриимкон аст", - афзудааст Зеленский.

Ба таъкиди Зеленский масъалаи Донбасс ва Қним ҳамоно баҳсбарангез боқӣ хоҳад монд.

Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.

Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.

Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.

Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.