Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба таҳияи рӯйхатти сиёҳи ягонаи гуруҳҳои террористӣ дар СНГ

«Чунин мешуморам, ки дар чорчӯби СНГ таҳия кардани рӯйхатти ягони созмонҳои террористӣ ва ифротии дар қаламрави кишварҳои узви СНГ мамнӯъ зарур аст», — изҳор дошт президенти Тоҷикистон. Ӯ даъват кард, то ба маркази зиддитеррористии СНГ ва дигар ниҳодҳои зидахл ҷиҳати шурӯи таҳияи чунин рӯйхат дастур дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои СНГ-ро «иттифоқчиёни калидӣ дар мубориза алайҳи таҳдидҳо ва чолишҳои саросарӣ» номид ва гуфт, ин кишварҳо дар масоили амният дидгоҳи ҳамсон доранд.
Ба ақидаи ӯ, воқеиятҳои имрӯза ҳамоҳангии боз ҳам бештари талошҳои мақомоти қудратӣ ва амниятии СНГ дар амри пешгирӣ аз таҳдидҳои амниятиро тақозо мекунад.
Ин нишаст тариқи онлайн таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир шуд. Дар нишасти сарони СНГ президентҳои Ӯзбекистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ва и.в. президенти Қирғизистон иштирок доштанд. Аз роҳбарони СНГ дар нишаст танҳо сарвазири Арманистон Никол Пашинян ҳузур надошт.
Барои мисол, «Ҷамоати Таблиғ» дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст, вале дар Қирғизистон ин созмони мазҳабӣ озодона амал мекунад. Ваё дар Тоҷикистон «Гуруҳи 24»-ро ҳамчун созмони ифротӣ ба рӯйхатти сиёҳи созмонҳои мамнӯъ шомил кардаанд, вале аъзои «Гуруҳи 24» дар Русия то ҳол амал мекунанд ва ҳатто як намояндагии алоҳида дар кишварҳои СНГ доранд.
Ҳамин тавр Душанбе аз соли 2015 то ҳол натавонистааст кишварҳои дигари СНГ-ро ба манъи фаъолияти ҲНИТ – умдатарин гуруҳи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон моил кунад. Ҳарчанд ҲНИТ дар қаламрави СНГ тақрибан фаъолияте надорад, вале то кунун ягон кишвари ин паҳно ба таври қонунӣ фаъолияти ин ҳизбро дар қаламраваш манъ накардааст.