расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Тарҳи Русия дар сурати вуруди якбораи муҳоҷирони зиёд

. / Муҳоҷир

Тарҳи Русия дар сурати вуруди якбораи муҳоҷирони зиёд

Мақомоти Русия азм доранд, ки барои ҳолати вуруди якбораи муҳоҷирони зиёд чораандешӣ намоянд

 Дар умури муҳоҷирати Русия ният доранд, мафҳуми нав — ҳимояти муваққатиро роҳандозӣ намоянд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар додаст.

Ба иттилои манбаъ, дар лоиҳаи қонун зери мафҳуми ҳимояи муваққатӣ як намуди паноҳгоҳ барои хориҷиён дар назар дошта мешавад. Аз ҳамин тариқ муҳоҷиронеро, ки оммавӣ якбора вуруди Русия шудаанд, мавриди ҳимоя қарор мегиранд.

Таъкид шудааст, ки тарзи пешниҳоду маблағгузории паноҳгоҳҳои муваққатиро ҳукумати Русия бар асоси қонун дар бораи гурезаҳо муайян менамояд.

Дар зимн муҳоҷирон ҳақ хоҳанд дошт, ки макони иқоматашонро дар Русия тағйир диҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки аз зарурати роҳандозии чунин иқдом баъди буҳрони Украина дар соли 2014-ум суҳбатҳо оғоз шуданд. Он гоҳ Русияро зарур омад, ки фавран вуруди оммавии муҳоҷиронро аз ин кишвар танзим кунад.

Мақомот он замон чораҳои фаврӣ дар мавриди тақсиму интиқоли хориҷиён ва фароҳам кардани шароити иҷтимоияшонро амалӣ созанд.

Дар ҳамин ҳол тайи солҳои охир дар сиёсати бахши муҳоҷиратии Русия як қатор тағйирот ворид гардиданд. Аз аз ҷумла аз 29-уми декабри соли 2021хориҷиёне, ки ба Русия ба муҳлати беш аз 90 рӯз омадаанд, бояд изи ангушт супоранду аксбардорӣ шаванд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.