расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Теъдоди муҳоҷирон дар Санкт-Петербург афзуд: дар кадом соҳа кор мекунанд?

. / Муҳоҷир

Теъдоди муҳоҷирон дар Санкт-Петербург афзуд: дар кадом соҳа кор мекунанд?

Маълум шуд, дар пойтахти шимолии Русия чанд муҳоҷир кор мекунад ва дар соҳаҳо фаъолият дорад

Теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Санкт-Петербург 24% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург.

Авохири соли 2021 теъдоди муҳоҷирон беш аз 320 ҳазор нафарро ташкил додааст.

«Пас аз коҳиши назаррас, шумораи муҳоҷирони корӣ тадриҷан боло рафта, то охири соли 2021 ба 320,5 ҳазор нафар, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё расид, ки нисбат ба соли 2020 — 24% зиёд аст», — омадааст дар изҳорот.

Самтҳои пешбарандаи фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, аслан: истеҳсолот, таъминоти моддию техникй, сохтмон, савдо, хоҷагии манзилию коммуналӣ аст.

Шаҳрвандони кишварҳое, ки низоми бидуни раводид доранд, аксарияти муҳоҷирони кориро ташкил медиҳанд.

Тибқи иттилои Раёсати муҳоҷирати Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, ба шарофати андоз аз даромади патенти коргарони хориҷӣ, буҷаи шаҳр барои соли 2021 тақрибан 6 миллион рубл пур шудааст.

Дар робита ба афзоиши теъдоди муҳоҷирон, Санкт-Петербург тасмим гирифтааст, ба ҳифзи ҳуқуқ ва раванди бо кор таъмин кардани коргарони хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунад. Созишнома бо Ассотсиатсияи мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ дар ин кор кумак хоҳад кард.

Тавре гуфта мешавад, Муассисаи мухтори давлатии «Маркази захираҳои меҳнатӣ» дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии байналмиллалӣ механизму хидматрасониҳои ҳифзи манфиатҳои коргарони хориҷиро таҳия хоҳад кард.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.