расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Патент дар Маскав барои муҳоҷирон гарон мешавад

. / Муҳоҷир

Патент дар Маскав барои муҳоҷирон гарон мешавад

Шаҳрдории пойтахти Русия гуфт, соли оянда нархи патент барои шаҳрванди хориҷӣ боз боло меравад.

Дар Маскав қимати патент барои муҳоҷирон боло меравад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати пойтахт.

Раиси шаҳр Сергей Собянин аз болоравии қимати патент барои муҳоҷирони корӣ дар пойтахт хабар дод.

Ҳамин тариқ, нархи бақайдгирии ин ҳуҷҷат то 5,9 ҳазор рубл боло меравад.

«Мо арзиши патентро боло мебарем ва он 5,9 ҳазор рубл, тақрибан 6 ҳазор рубл дар як моҳро ташкил медиҳад, ки дар маҷмӯъ, аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷа пардохтҳои хеле рақобатпазирро таъмин мекунад», — гуфт Собянин зимни суханронӣ дар Думаи шаҳри Маскав.

Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ аз пардохти шаҳрвандони худиштиғоли Русия ба маротиб бештар аст. Чунин тадбир пардохтҳои рақобатпазир ба буҷетро аз шаҳрвандони дигар давлатҳо таъмин хоҳад кард, таъкид кард Собянин.

Ба гуфти раиси шахр, дар Москва муҳоҷироне, ки аз мамлакатҳои иттиҳоди иқтисодӣ омадаанд ва хеле суст назорат карда мешуданд. Инҳо, масалан, шаҳрвандони Қирғизистон ва Арманистон мебошанд. Аммо дар соли нав назорат аз болои муҳоҷирон пурзӯр мешавад.

Собянин гуфт, ки мувофиқи супориши ҳукумат ба қонуни федералӣ тағйирот дароварда шудааст.

«Аз 1 январи соли оянда назорат аз болои ҷараёни муҳоҷирон ба таври қобили мулоҳиза пурзӯр карда мешавад», — афзуд ӯ.

Дар мавриди кори муҳоҷирон дар корхонаҳои мунисипалӣ дар Маскав, Собянин қайд кард, ки имрӯз дар ин соҳа муҳоҷирон қариб нестанд.


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.