расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Марги 2 ва ҷароҳати 5 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати Тоҷикистон

. / Муҳоҷир

Марги 2 ва ҷароҳати 5 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати Тоҷикистон

Кумитаи тафтишотии Русия қазияи марги ду ва ҷароҳати панҷ нафарро дар майдони сохтмонӣ дар маҳаллаи Залари вилояти Иркутск таҳқиқ мекунад. Қурбониёни ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд

Раёсати тафтишоти вилояти Иркутск аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд, хабар дод ТАСС.
Ба иттилои манбаъ, муайян шудааст, ки миёни гуруҳи сохтмончиён ва сокинони маҳаллӣ муноқиша рух додааст, ки баъдан ба занозанӣ печидааст.
«Дар идома афроди номаълум вагонҳои истиқоматии сохтмончиёнро оташ задаанд, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расида, панҷ нафари дигар бо ҷароҳатҳо барои ёрии тиббӣ муроҷиат намудаанд», — иттилоъ додаанд мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ.

Манбаъ афзуд, ки ҳамаи иштирокдорони қазия — ҳудуди 10 нафарро ба идораи пулис оварда, таҳқиқ барои муайянсозии дастандаркорони эҳтимолии дигари ин ҷиноят идома дорад.

Таъкид шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса бар асоси моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия, барои одамкушӣ парванда оғоз гардидааст.

Сохтмончиён шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, вобаста ба муноқиша миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ дар ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҳамкорӣ мебошад.

Таъкид шудааст, ки барои пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодиса кормандони Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск сафарбар карда шуданд.

Сафорат афзудааст, ки барои гузаронидани тафтишоти одилона ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар доираи қонунгузорӣ талош мекунанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.