расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Дар Маскав масоили будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия баррасӣ шуд

. / Муҳоҷир

Дар Маскав масоили будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия баррасӣ шуд

Инчунин ба масъалаи бекор шудани вуруд ба Русия барои баъзе шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир шуд.


Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов 27 январ бо сардори Сарраёсати ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова дидору гуфтушунид кард.
Тавре дафтари матбуоти сафорати ҶТ дар Русия хабар медиҳад, дар мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия вобаста ба масоили танзими ҳуқуқии иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди Россия мавриди муҳокима қарор гирифт.
Сурат: Хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия
Гуфта мешавад, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба лағви қарорҳо ҷиҳати манъи воридшавии гуруҳи муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро ба таври муфассал баррасӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон доир ба механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия табодули афкор сурат гирифт.
“Аҳаммияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид карда шуд”, - қайд мешавад дар хабари сафорат.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ин робита, ҷиҳати мусоидат ба анҷоми раванди мувофиқасозии лоиҳаи созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират омодагии тарафайн иброз гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.