расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд

Ҷомеа / Ҳаводис

Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд

Дар ноҳияи Ашт дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ 3 нафар ҳалок шуда, 4 нафари дигар ба беморхона интиқол дода шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон итилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, садамаи нақлиётӣ рӯзи 14-уми май дар ҳудуди деҳаи Марҳамати ноҳияи Ашт рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Мирзоалиев Сарбоз Ҳаётҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Дӯстӣ ба самти ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, дар ҳудуди деҳаи Марҳамати ҳамин ноҳия ба самти муқобил роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2115», таҳти идораи Ҷуманов Давлатбой Алимбоевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст”, - менависад ВКД.
Дар натиҷа, ноболиғи дигар Мусурмон Ҷуманови 17-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2115» Давлатбой Ҷуманов ва мусофираш ноболиғ Сироҷиддин Ҷуманови 15-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида, баъдан ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи мошини «Мерседес-Бенс» ва мусофиронаш Ҳурматой Эшматова (68 сола), Мавлуда Қурбонова (53 сола) ва Шаҳромбек Абдурауфзода (2 сола) ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.
Ҳамаи онҳо аҳолии ноҳияи Ашт мебошанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.