Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
![](/uploads/posts/2024-04/thumbs/1713851953_futzal.jpg)
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозии сеюми охирин дар гурӯҳ байни футзалистони тоҷик бо қаҳрамони амалкунандаи Осиё - мунтахаби Ҷопон мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт. Вохӯрии дигари гурӯҳ байни дастаҳои Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ низ мусовӣ - 5:5 анҷом ёфта, футболбозони қирғиз зинаи дуюмро ишғол намуданд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/336050/%D1%84%D1%83%D1%82%D0%B7%201.jpg)
Дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2024 футзалистони тоҷик бо тими Афғонистон бозӣ мекунанд. Ин бозӣ пагоҳ, рӯзи чоршанбе 24 апрел доир гардида, соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.Аз рӯи натиҷаҳои Ҷоми Осиё 5 дастаи беҳтарин (ба ҷуз Ӯзбекистон - мизбони чемпионат) ба Чемпионати ҷаҳон-2024 оид ба футзал роҳхат мегирад. Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Дар ҷуфтҳои дигари даври чаҳорякниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2024 рӯзи 24 апрел Таиланд бо Ироқ, Ӯзбекистон бо Ветнам ва Эрон бо Қирғизистон бозӣ мекунанд. Бозиҳои нимфиналӣ рӯзи 26 апрел ва вохӯрии финалӣ санаи 28 апрел баргузор мешавад.