расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ФАВРӢ! ЛАТТУКӮБИ ДУ КОРМАНДИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ: БИНӢ ВА АНГУШТИ ДАСТИ ЯК ДИПЛОМАТРО ШИКАСТААНД

Ҷомеа / Ҳаводис

ФАВРӢ! ЛАТТУКӮБИ ДУ КОРМАНДИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ: БИНӢ ВА АНГУШТИ ДАСТИ ЯК ДИПЛОМАТРО ШИКАСТААНД

Шабакаи РЕН ТВ хабар дод, ки ду корманди сафорати Тоҷикистонро дар Маскав дар дохили бинои сафорат латтукӯб кардаанд. Бино ба иттилои нашрия, корманди пулис як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1982-ро ҳамчун гумонбар дастгир кардаанд. Дар натиҷаи ҳамла яке аз ҷабрдидаҳоро, ки бинӣ ва ангушти дасти росташ шикастааст, ба бемористон интиқол додаанд. Тафтиши ҳодиса идома дорад.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ин қазияро ҳанӯз шарҳ надодааст.Феълан бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба Ватан бо парвозҳои чартерӣ тавассути рӯйхатҳое анҷом дода мешавад, ки комиссияҳои махсус дар сафорат ва дигар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия тартиб медиҳанд. Шеваи таҳияи ин рӯйхатҳо сабаби норозигиҳо дар байни муҳоҷирони тоҷик шудааст.
Бархе кормандони сафоратро айбдор мекунанд, ки тавассути миёнаравони худӣ аз муҳоҷирон барои шомил кардани онҳо ба рӯйхат пули калон мегиранд. Дар бархе маврид гӯё нархи парвоз ба Тоҷикистон барои як нафар бо «шарофат»-и ин «шапкапулӣ»-ҳо то ба 100-120 ҳазор рубл мерасидааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав даст доштани кормандонаш дар билетфурӯширо рад мекунад, вале ахиран хабар дода буд, ки дастикам се миёнаравро, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ваъдаи дастрас кардани чиптаи парвоз пулҳои калон гирифтаанд, дастгир карда, ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия супурдаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.