расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Тоҷикистон ҳолатҳои хариду фурӯши одамон, одамрабоӣ ва таҷовуз ба номус хеле зиёд шудааст

Ҷомеа / Ҳаводис

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои хариду фурӯши одамон, одамрабоӣ ва таҷовуз ба номус хеле зиёд шудааст

Ҳолатҳои хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 4,2% зиёд шуд, хабар медиҳад Агентии омор бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-июни соли равон 34 ҳолати хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ҳамагӣ 4 ҳодисаро ташкил медод.
Ҳамчунин дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳолатҳои одамрабоӣ (16,7%), роҳзанӣ (50%), таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он (13,6%) низ афзудааст.
Шумори ҷиноятҳои иқтисодии сабтшуда, ки асосан ба саркашӣ аз пардохти андоз марбутанд, ба андозаи 6,2% зиёд шудааст.
Бақаййдгирии ҷиноятҳои марбут ба порагирӣ ба андозаи 3,8% - аз 52 ҳолат дар нимсолаи аввали соли 2022 то ба 54 ҳолат дар соли ҷорӣ боло рафтааст.
Дар муқоиса бо моҳҳои январ-июни соли 2022 сабти ҷиноятҳо дар маҷмӯъ 7% коҳиш ёфтааст - аз 12,5 ҳазор то 11,6 ҳазор ҳолат.
Дар ин давра ба миқдори 11,7% - аз 2825 то 2497 ҳодиса камтар ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шудааст.
Дар сохтори минтақавӣ сабти ҷиноятҳо дар ВМКБ (16%) нисбатан камтар шудааст. Дар вилояти Хатлон содир шудани ҷиноятҳо 9,6%, Ноҳияҳои тобеи марказ - 8,8%, шаҳри Душанбе - 7,1% ва вилояти Суғд - 1,6% коҳиш ёфтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.