расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар шаҳри Турсунзода 3 кас ба чоҳ афтода, ҳалок шуданд

. / Ҷомеа

Дар шаҳри Турсунзода 3 кас ба чоҳ афтода, ҳалок шуданд

Ду тан аз ҷонбохтагон аъзои як оила мебошанд.

Сурат: Акси марбута
Се нафар сокинони деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода шоми 7 сентябр ҳангоми таъмири муҳаррики обкаши чоҳи деҳа ба чуқурии 18-19 метри он сарозер рафтаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҷумҳурӣ, беэҳтиётӣ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми таъмири муҳаррик ба рух додани ин ҳодиса боис гардидааст.

“Дар баробари расидани хабар дастаи наҷоти Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, яке аз ин се нафар – Амрулло Хуҷамови 62-сола зинда аз дохили чоҳ берун оварда шуд, вале мутаассифона, дар бемористони шаҳрӣ аз ҷароҳатҳои вазнин ҳалок шуд”, - омадааст дар хабари Кумита.
Гуфта мешавад, дастаи 6-нафараи наҷоти Кумита то соати 20:45 дақиқа ҷасади ду фавтидагони дигарро ҳам аз чоҳ берун оварда, ба беморхонаи шаҳрии Турсунзода интиқол дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.