расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Мақомоти Тоҷикистон: таъмини бекорон бо шуғл афзоиш ёфтааст

Ҷомеа / Иқтисодиёт / Ҳаводис

Мақомоти Тоҷикистон: таъмини бекорон бо шуғл афзоиш ёфтааст

Дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 21 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд, иттилоъ дод Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.

Ӯ дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум" гуфт, таъминот бо ҷои кор аз аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,6% афзоиш ёфтааст.

Вай афзуд, ки аз ҷумла тайи се моҳи соли равон 19 ҳазору 943 нафар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар бо кор таъмин карда шуданд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта 141,8 ҳазор корҷӯ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Расман 58,9 ҳазор нафар дар соли 2021 мақоми бекорро гирифтанд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ахиран гуфт дар маҷмуъ тайи соли гузашта 2 миллиону 480 ҳазор нафар дар иқтисодиёт фаъол буданд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман 106,2 ҳазор нафар ҳамчун корҷӯй сабт шудаанд. Ин ниҳод мегӯяд, сатҳи нисбатан баланди бекорӣ дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 6% баробар буда, ин нишондод дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 2,9%, Хатлон - 2% ва дар Суғд - 1,9%-ро ташкил медиҳад.

Дар мавриди кумакпулӣ дар давраи бекорӣ зикр гардид, ки соли 2021 ба 13 ҳазор нафар ҳудуди 7,5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.