расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ОФАРИН! ЯК МИЛИСА АЗ СӮХ НИСФИ ЗАМИНИ ХОНААШРО БА ЯК ҲАМДЕҲАИ НОДОРАШ ДОДААСТ

. / Ҷомеа

ОФАРИН! ЯК МИЛИСА АЗ СӮХ НИСФИ ЗАМИНИ ХОНААШРО БА ЯК ҲАМДЕҲАИ НОДОРАШ ДОДААСТ

Дар шароите, ки порчаҳои замин боиси муноқишаву ҳатто хунрезӣ байни одамон, аз ҷумла байни ҳатто бародарон шудааст, Дадахон Хидоятов, сержанти калони милитсия аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон баракс нисфи замини ҳавлиашро ба як оилаи муҳтоҷ дод ва бо ин иқдоми ҷавонмардонаи худ ҳамаро ба ваҷд овард.
Бино ба гузоришҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Дадахон Ҳидоятов, ки аз тоҷикҳои Сӯх аст, 8 садяк аз 16 садяк, яъне нисфи замини ҳавлиашро барои бунёди хона ба як оилаи камбизоат, ки хонаи худро надошт ва муддати зиёде боз дар шипанг (бошишгоҳи саҳроӣ) дар канори маҳаллаи Навободи ноҳияи Сӯх зиндагӣ мекард, додааст.
Дадахон Ҳидоятов ба ин кори хайри кардааш ҳам қаноат наварзида, ҳамроҳи дӯстонаш, аз ҷумла подполковник Шаҳнозахонум Шодмонова ва милитсияи қаторӣ Гулхан Мулобобоев, барои ин оилаи кӯтоҳдаст маводи сохтмон харида додаанд ва ҳоло дастаҷамъона ба сохтани хонаи нав барои ин оила сар кардаанд.
Аз чунин эҳсонкории сержанти калони милитсия ҳоким ва роҳбарони милитсияи ноҳияи Сӯх хабардор шуда, бо як миқдор маҳсулоти ғизоӣ ва либоси гарм омада, аз аҳволи он оилаи камбизоат хабар гирифтаанд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ҳидоятов Дадахон Маҳмутализода 17 феврали соли 1985 дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба дунё омада, аз соли 2005 дар мақомоти милитсия кор мекунад ва ҳоло рутбаи сержанти калонро дорад. Дадахон Ҳидоятов оиладор аст ва се фарзанд дорад.
Муруре ба саҳифаи ӯ дар Фейсбук нишон медиҳад, ки Дадахон Ҳидоятов ошиқи фарҳанги тоҷикӣ, аз ҷумла таронаҳои овозхонҳое, чун Хуҷастаи Мирзовалӣ ва Насиба Абдуллоева мебошад.
Шоираи тоҷик Шоираи Раҳимҷон бо ситоиш аз амали ҷавонмардонаи ин тоҷики Сӯх навиштааст: Дадахон Хидоятов , бо ҳамтои шумо тоҷики асил фахр мекунем. Дасти сахоятон дарозу хайр бошад. Зимнан, барои хонандаҳои ин сатр, Дадахон милиса аст, ки маводи зерро бихонеду каф бикӯбед. Ҷои ибрат аст!”
Даҳҳо нафари дигар дар байни корбарони тоҷику ӯзбек низ ба ин амали Дадахон Ҳидоятов офарин хондаанд.  Шаҳло Ҳидоятова аз ҷумла менависад: “Худованд ҳамеша дасти сахо дошта бошад. Хайри кардаашро Парвардигор қабул намояд.”
Қаноатов Некбахт афзудааст:  “Некбахт он касе , ки доду бихӯрд , шӯрбахт он, ки нахӯрду надод.”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.