расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тавсеаи имкониятҳои Мегафон Тоҷикистон дар вилояти Суғд

. / Ҷомеа

Тавсеаи имкониятҳои Мегафон Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Толори нав дар Хуҷанд феълан таҷассумгари ин принсип ба ҳисоб меравад.

Сурат: Мегафон Тоҷикистон

Дар шаҳри Хуҷанд толори нави фирмавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ифтитоҳ ёфт. Он дар кӯчаи Шарқ  1  дар худи гузаргоҳи зеризаминӣ ҷойгир аст.   

Дар баробари инкишоф додани шабакаи фурӯш,  МегаФон Тоҷикистон  барои таъмини муштариён бо хизматрасонии босифат дар чунин ҷойҳое, ки дилхоҳ саволҳоро вобаста ба алоқа воқеан ҳам «дар сари роҳ» ҳал кардан мумкин аст,  кӯшиш менамояд.      

Толори нав дар шаҳри Хуҷанд феълан  таҷассумгари ин принсип ба ҳисоб меравад.  Пайвасткунии тарофаи муфид ё гирифтани машварат маҳз ҳангоми  гузаштан  ба тарафи дигари кӯча дар   гузаргоҳи зеризаминӣ   имконпазир аст. Барои рафтан ба назди оператор  дақиқаҳои ангуштшумор мераванд.   

«Толори нави  фирмавии  мо  чандон калон набошад ҳам, вале мақсади мо  дар  ҳалли фаврӣ ва босифати  мушкилоти мизоҷон ифода меёбад  ва инро дар масоҳати хурд низ метавон анҷом дод.  Муҳим он аст, ки толор  дар мавзеи хеле қулай ҷойгир шудааст  ва ин барои хизматрасонии  ҳамарӯза ба садҳо нафар сокинони  шаҳри Хуҷанд имконият медиҳад», – қайд кард Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти  Суғд Далер Наимов.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.