расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҷасади муҳоҷирони сӯхтаи узбекро бо гузашти 1 моҳ ҳанӯз ба ватан наовардаанд

. / Ҷомеа

Ҷасади муҳоҷирони сӯхтаи узбекро бо гузашти 1 моҳ ҳанӯз ба ватан наовардаанд

Муҳоҷирони узбек дар оташсӯзии дар ин маҳал ҷон бохтанд.

Ҷасади чаҳор муҳоҷири узбекистонӣ, ки дар натиҷаи оташсӯзие дар вилояти Москва ҷон дода буданд, ҳанӯз ба ватан интиқол дода нашудааст. Ин хабарро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дар Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Вазорати меҳнати Узбекистон тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи масъулони оҷонс, ҷасади муҳоҷирон барои он интиқол наёфта, ки натиҷаҳои ташхиси ДНК ҳанӯз маълум нестанд ва шахсияти ҷасадҳо низ шиносоӣ нашудааст.

«Тибқи қонунгузориҳои Русия, интиқоли ҷасадҳо танҳо бо иҷозати Кумитаи тафтишотии ин кишвар дар асоси натиҷаи ташхиси ДНК ё шиносоӣ шудани шахсияти фавтидаҳо имкон дорад», — изҳор доштанд дар Оҷонси муҳоҷирати хориҷӣ.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ҷасади муҳоҷирон ба далели набудани маблағ интиқол дода намешавад ва ҳоло шаҳрвандони Узбекистон дар Русия миёни худ пул ҷамъ мекунанд.

Рӯзи 13-уми ноябри соли равон дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Солнечногорски вилояти Москва оташсӯзӣ рух дода, дар он чаҳор муҳоҷири узбек ҷон бохтанд.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.