расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » КУШТОР ДАР РӮИ ҶОЙНАМОЗ

Ҷомеа / Ҳаводис

КУШТОР ДАР РӮИ ҶОЙНАМОЗ

“Ҳодиса  тақрибан соати даҳи шаби 3 декабр дар хонаи духтари Ҳоҷӣ Баҳрибой, ки ҳамсари бародари Абдурашид буд, рӯй додааст. Абдурашид, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, вақти намози хуфтанро хондани тағояш ба вай аз пушт ҳамла оварда, Ҳоҷиро аз пой меафтонад ва бо мушту лагат гардану қабурғаҳои мӯсафедро мешиканад. Танҳо баъди ин Абдурашид баромада, хабар медиҳад, ки мурдаи Ҳоҷӣ Баҳрибойро бигиред”
Абдурашид Оймаҳмадов, соли таваллудаш 1991, ҳоло дар тавқифгоҳи ШВКД шаҳри Панҷакент қарор дорад. Ба зидди ӯ бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ барои қатли тағояш то 15 соли зиндон таҳдид мекунад, вале агар ин куштор бо бераҳмии махсус ҷамъубаст шавад, он гоҳ қотилро то 25 сол ҳукми зиндон мунтазир аст.
Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, Абдурашид дар ягон ҷо кор намекард ва зиёд машрубот менӯшид.
“Ҳоҷӣ Баҳрибой як одами хоксор ва диндор буд ва бо деҳқонӣ рӯзашро пеш мебурд. Он кас, ҳарчанд ба Абдурашид тағои ӯгай мешуд, вале ҳамеша ӯро насиҳат мекард, ки шаробнӯширо бас кунад, ба роҳи рост пой монад. Абдурашид чанд дафъа ба духтари Ҳоҷӣ Баҳрибой, ки ҳамсари бародараш ҳам буд, гуфта будааст, ки ҳамин насиҳатҳои падарат ҳеҷ намефорад ба ман, кадом рӯз падари насиҳатгаратро мекушам барои насиҳатҳояш”, – нақл карданд сокинони Пушти Қӯрғон дар суҳбат бо “Бомдод”.
Мақомоти Панҷакент ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодаанд.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё қасди куштори хешовандони наздик хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Танҳо дар моҳи ноябр ВКД дар бораи 7 чунин ҷинояти сангин хабар дод. Дар 3 маврид шавҳарон қасди ҷони завҷаҳояшонро карда, дар як маврид баракс як зан шавҳарашро бо табар кушт. Дар як мавриди дигар келини хонавода хушдоманашро бо зарбаи корд ба ҳалокат расонд ва рӯзи 26 ноябр як зани 29-солаи сокини ноҳияи Сангвор з сабаби муноқишаи оилавӣ, модарандари 43-солаашро бо роҳи фиреб ба назди соҳили дарёи Хингоб бурда, ӯро ба дохили дарё тела намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, як ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров рӯзи 29 ноябр дар хонаашон бо падари 47-солааш муноқиша намуда, ӯро бо 7 зарбаи корд ҷобаҷо куштааст.
Дар ҷомиаи мусалмонии Тоҷикистон одамкушӣ ба сари худ як гуноҳи кабирӣ шумурда мешавад ва куштани хешовандони наздик, бахусус падар ё модар, гуноҳест сахт нобахшиданӣ. Ҷомиашиносон дар вақтҳои охир афзудани мавридҳои даст ба ҷони наздикони худ задан дар Тоҷикистонро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар байни мардум рабт медиҳанд. Рӯҳониён дур шудан аз таълимоти илоҳӣ ва дину диёнатро дар ин тамоюли манфӣ муқассир мешуморанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.