расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Сокини 46 - солаи Душанбе барои таҳқиру озори модари пираш ҳабс шуд

. / Ҷомеа

Сокини 46 - солаи Душанбе барои таҳқиру озори модари пираш ҳабс шуд

Номбурда қаблан низ барои озор додани модари пираш ду маротиба ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд

 Дар Душанбе як модар аз болои фарзанди худ ба кормандони милиса шикоят бурдааст.

Дафтари матбуоти Раёсати умури дохила дар пойтахт аз қавли ин модар менависад, ки фарзандаш ӯро пайваста мавриди таҳқиру озор қарор медод.

Муроҷиаткунанда арз намудааст, ки писари 46 — солааш доим ӯро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, бо ҳар баҳона аз гиребонаш мегирад.

Кормандони ин ниҳод дар асоси шикояти зани калонсол фарзандашро, ки оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст, муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карданд.

Муайян гардид, ки ӯ қаблан низ барои дашному озор додани модараш дар ҷойи ҷамъиятӣ ду маротиба ҷазо дода шуд.

ҳамин тариқ, бо назардошти ҳолати мазкур, нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб ва бо қарори суд ба муҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.