расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ТАВАЛЛУДХОНАИ ВИЛОЯТИИ СУҒД КАРАНТИН ШУД: ДАР ИН ҶО МАНБАИ КОРОНАВИРУС ЁФТ ШУДААСТ

Ҷомеа / Ҳаводис

ТАВАЛЛУДХОНАИ ВИЛОЯТИИ СУҒД КАРАНТИН ШУД: ДАР ИН ҶО МАНБАИ КОРОНАВИРУС ЁФТ ШУДААСТ

Таваллудхонаи вилоятии Суғд дар шаҳри Хуҷандро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар пайи дар ин муассиса ёфт шудани гирифторони коронавирус дар байни кормандон ва занони ҳомила барои ду ҳафта карантин кардаанд. Дар дарвозаи таваллудхона «карантин» навишта шудааст ва ҳамаи гирифторонро барои табобат ба бемористони клиникии вилоятӣ интиқол додаанд. Дар ин бораи як манбаи муътамад дар сохторҳои тандурустии вилояти Суғд ба сомонаи «Ахбор» хабар дод.. «Ин муассиса инак бори дуюм барои карантин баста мешавад. Бори аввал таваллудхонаи вилоятӣ моҳи июл дар пайи рӯзи 5 июл аз коронавиурс даргузаштани сартабибаш Шоира Бузурукова карантин шуда буд. Баъди марги Шоира Бузурукова 7-8 корманди таваллудзонаи вилоятӣ бо аломатҳои коронавирус бистарӣ карда шуданд ва ду нафари онҳо – як зани акушер ва посбони таваллудхона – аз коронавирус ҷон бохтанд», -хабар дод ҳамсуҳбати мо.
Моҳи июл мақомоти тандурустии вилояти Суғд хабари барои карантин баста шудани таваллудхонаи вилоятиро рад карда буданд.
Манбаъ афзуд, ки дар таваллудхонаи вилоятӣ корҳои дезинфексионӣ ва дигар чорабиниҳои санитариву гигиенӣ анҷом дода шуда, таваллудхона барои 14 рӯз баста мешавад. Тамоми кормандони муассиса низ ду ҳафта таҳти карантин гирифта мешаванд.ино ба иттилои ин манбаъ, ҳоло дар бемористони клиникии вилоятӣ як шуъбаи махсус барои занони ҳомилаи гирифтори COVID- 19 ташкил кардаанд. Феълан дарин шуъба 9 зани ҳомила нигоҳ дошта мешавад ва яке аз онҳо баъди ҷарроҳии «буриши қайсарӣ» (кесарево сечение) дар бахши реаниматсия қарор доштааст.
«Рӯзи 3 сентябр дар бемористони клиникии вилоятӣ 216 бемор бо аломатҳои коронавирус бистарӣ мебошанд. Рӯзи 2 сентябр 20 бемори нав бистарӣ карда шуда, як нафар аз коронавирус ҷон бохт. Дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд низ феълан 110 нафар бо аломатҳои коронавирус бистарӣ карда шудаанд»,- хабар дод ин манбаъ.
 ШАРҲИ ХУДРО БИНАВИСЕД 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.