расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДУ МАНСАБДОРРО ДАР ПАНҶАКЕНТ БАРОИ МАСТӢ 36 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТАНД

Ҷомеа / Ҳаводис

ДУ МАНСАБДОРРО ДАР ПАНҶАКЕНТ БАРОИ МАСТӢ 36 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТАНД

Додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзи 18 ноябр роҳбари Идораи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ин минтақа (собиқ МБТИ)  Додоҷони Абдубасир  ва сардори шуъбаи бақайдгирии ин идора Фаррух Комиловро барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин 18-ҳазорӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, барои 5 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кардааст.
Қурбон Раҳимзода, сардори БДА шаҳри Панҷакент ба хабаргузории русии “Sputnik Тоҷикистон” хабар дод, ки “шаби 16 ба 17 ноябр зимни санҷиш кормандони БДА маълум намудаанд, ки Додоҷони Абдубасир дар ҳолати мастӣ мошини Фаррух Комиловро рондааст. Ба ӯ ва соҳиби мошин протокол тартиб дода шуда, бар асоси он суд ҷарима таъйин кард”.
Мурофиа рӯзи 18 уми ноябр доир шуда, додрас Додоҷони Абдубасир, роҳбари Идораи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайри манқулро барои дар ҳолати мастӣ рондани воситаи нақлиёт ва Фаррух Комилов, сардори шуъбаи ин идораро барои ба каси дигар  ва он ҳам дар ҳолати мастӣ вогузор кардани воситаи нақлиёт гунаҳкор дониста, ҳардуро ҷарима  бастааст.
Додоҷони Абдубасир аз шарҳи ин масъала дар суҳбат бо “Спутник” худдорӣ кардааст.
Ахиран шӯъбаи БДА дар вилояти Суғд хабар дод, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар давоми 20 рӯзи амалиёти маданияти шаҳрдорӣ 40 мавриди рондани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандаҳои мастро ошкор карда, бархеи ин ронандагонро то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ кашонда ва як қисми дигарро аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кардаанд.
Шӯъбаи БДА дар вилояти Суғд мегӯяд, давоми нуҳ моҳи соли 2021 дар роҳҳои ин вилоят дар маҷмӯъ 167 садама сабт шудаааст, ки бар асари онҳо 77 нафар ҳалок гардида, 162 тани дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин аз соли 2017 ҷазоҳои шадид ҷорӣ карда шуда, барои чунин қонуншиканиҳо ҳамчун ҷазо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 шабонарӯз, ҷаримаҳои ҳангуфт ва ҳамчунин маҳрум кардан аз ҳаққи ронандагӣ ба муҳлати аз 6 моҳ то чанд сол пешбинӣ шудааст.
Вале дар сурати ба садамаҳои марговар роҳ додани ронандагони маст онҳо ба муҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон хоҳанд шуд. Тибқи ду банди 4 ва 5, ки соли 2017 ба моддаи 212уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ворид карда шуд, агар садама боиси марги як нафар шуда бошад, ронандагони мастро метавонанд ба муҳлати аз 5 то 10 сол,  ва агар садама боиси марги ду нафар шуда бошад, ба муҳлати аз 10 то 20 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.