расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » КОРКОБӢ РАФТУ БА “ОБЛАВА” АФТОД… ЯККАПИСАР ВА ЯТИМИ КУЛРО БА ХИЗМАТ БУРДАНД

Ҷомеа / Ҳаводис

КОРКОБӢ РАФТУ БА “ОБЛАВА” АФТОД… ЯККАПИСАР ВА ЯТИМИ КУЛРО БА ХИЗМАТ БУРДАНД

Комрони Бахтиёр, хабарнигори тоҷик аз шаҳри Бохтар дар бораи як мавриди бо шеваи “иҳотагирӣ” ё худ “облава” ба хидмати ҳарбӣ бурдани як сокини ин шаҳр хабар додааст.
Шаҳноза Гадоева, хоҳари Гадоев Шаҳбоз Асоевич, сокини кӯчаи Хатлони шаҳри Бохтар,  дар номааш ба вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо нақл кардааст, ки “Шаҳбоз, ки хатмкардаи риштаи рӯзноманигории шаҳри Бохтар буд, барои ҷустани кор аз рӯи ихтисос ба Муассисаи давлатии телевизионии “Сафина” -шаҳри Душанбе рафт, то кор карда зиндагиамонро пеш барад. Вале рӯзи 7-уми октябр хабар расид, ки Шаҳбозро ба таври иҳотагирӣ дастгир намуда, ба комиссариати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бурдаанд. Ҳарчанд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи яккаписарӣ, ятими кулл – бо хати вафоти падару модарамро бурдам, вале ба ҳарфамон гӯш надоданд”.
Бино ба иттилои хоҳараш, Шаҳбоз алакай дар қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён хидмат карда истодааст.
Аммо Шаҳбоз Гадоев ҳам яккаписар ва ҳам ятими кулл буда, баъди марги падару модарашон саробонии хоҳараш Шаҳбоз ва фарзанди дусолаи ӯро ба уҳда доштааст.
Хоҳари Шаҳбоз ба ниҳодҳои гуногун дар робита ба “облава” шудан ва ғайриқонунӣ ба хидмати ҳарбӣ бурдани бародараш шикоят навиштааст, вале дар прокуратураи ҳарбии вилояти Хатлон ба ӯ гуфтаанд, ки “агар аз ҷониби комисариати ноҳияи Шоҳмансур ғайриқонунӣ дастгир шуда бошад, ба тобеияти мо нест”.
Комрони Бахтиёр менависад, акнун Шаҳноза Гадоева ягона умедаш ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо аст. Дар аризааш ба номи вазир Шаҳноза Гадоева навиштааст: “Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки бародарам Гадоев Шаҳбоз, ки дарт оилаи мо ҳамчун писари ягона (яккаписар) мебошад. Пас аз дунё гузаштани падару модарам манро бародарам нигоҳубин мекунад. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки ҳолати мазкурро санҷида, барои даъвати ғайриқонунии бародарам Гадоев Шаҳбоз чораҳои қатъи андешед. Агар бародарамро озод накунед, аҳволи ман ва фарзанди хурдсолам Гадоев Муҳаммаднабӣ,  санаи таваллудаш 12.07.2019, чӣ мешавад? Кӣ моро нигоҳубин мекунад?”
Комрони Бахтиёр ёдовар шудааст, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон, яккаписарҳо ва ятимони кул аз масъулияти хидмати ҳарбӣ озода карда мешаванд.
“Дар моддаи 30-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” оид ба асосҳо барои озод кардани шаҳрвандон аз даъват ба хизмати ҳарбӣ гуфта шудааст, ки – Онҳое, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд.Магар ин банд аз мадди назари кормандони комиссариат дур монд. Ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятҳо барои шумо сохтакорист, муҳтарам юрист-комиссар?” – навиштааст Комрони Бахтиёр.
Ин қазия дар ҳоле расонаӣ шуд, ки дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии даъват ба саффаи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад. Ин маърака 1 октябр оғоз ёфта, то 30 ноябр давом мекунад. Вазорати мудофиа гуфт, дар як моҳи аввал нақшаи даъват 62 фоиз иҷро шудааст.
Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава” –шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.