расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Адиб ва донишманди шинохта Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ даргузашт

Ҷомеа / Ҳаводис

Адиб ва донишманди шинохта Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ даргузашт

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, адиби шинохтаи тоҷик дар синни 78-солагӣ дар шаҳри Самарқанд даргузашт. Дар ин бора Адаш Истад, шоири тоҷики муқими Самарқанд ва аз дӯстони Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар сафҳаи фейсбукиаш хабар додааст. Маросими видоъ бо шоири марҳум баъд аз зуҳри имрӯз дар деҳаи Кӯйи сахо баргузор мешавад.
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ - шоир, драманавис, адабиётшинос, узви Шӯрои Анҷумани байналхалқии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд ва барои асарҳояш ба Ҷоизаи ба номи Деваштич ноил гаштааст.
Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Алмаато ҳам дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ шаби гузашта даргузашт. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, шоир чанд вақти ахир бемор буд.
Сафар Абдуллоҳ донишманди тоҷик ҳам дар ин бора навиштааст, “устод Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, ҳамоне ки бо ҷисми маълулаш борҳо садои додхоҳӣ буланд карда ва барои ҳифзи миллаташ аз нобудии маънавӣ ҷонталошиҳо карда буд, ҳамоне ки барои ҳифзи забони мо дар хостгоҳи ин забон дар Самарканд чанд бор гуруснанишинӣ карда буд,” даргузашт.
Шоир Ҳаёт Неъмат 78 сол дошт ва дар шаҳри Самарқанд мезист. Аҳли адаб ӯро ҳамчун пайвандгари тоҷикони Узбакистон ва Тоҷикистон мегуфтанд. Намунаҳои ашъори Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Узбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд. Шоир ҳамчунин мутарҷими 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва 100 ғазали Имом Хумайнӣ ба забони узбекӣ мебошад.
Ҳаёт Неъмат ҳамчунин муаллифи чандин драмаҳо аз ҷумла «Меҳри пирӯз ё зодаи нур» ва дилогияи «Дарди рӯзгори Одам» мебошад. Як бахши фаъолияти шоири марҳум ҷамъоварии тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX мебошад. Ӯ ҳамчунин доир ба эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чанд таҳқиқотро анҷом додааст.
Марҳум борҳо ба Душанбе сафар кардааст. Дар як суҳбаташ Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло андеша ба тарс бадал шудааст, ки боиси нигаронии ӯст.”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.