расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » “Занкалонҳои қишлоқ” сиру асрори Мугамбо ва Дӯстмуродро мекушояд?

. / Ҷомеа

“Занкалонҳои қишлоқ” сиру асрори Мугамбо ва Дӯстмуродро мекушояд?

Дӯстмурод Шарипов, ҳаҷвнигор ва ҳунарманди соҳаи театру кино дар канали шахсии худ як моҳ пеш дар бораи банаворгирии филми нави мазҳакавии “Занкалонҳои қишлоқ” маълумот дода буд. Дар канали ютубии ин ҳаҷвнигори ҷавон пораҳои кӯтоҳ аз рафти банаворгирии ин филми хандаовар нашр шуда, офарандагони филм ваъда дода буданд, ки ба наздикӣ маҳсули заҳмати хешро манзури тамошобинон хоҳанд гардонд. Ниҳоят банаворгирӣ ва танзим ба охир расида, се рӯз пеш филми мазҳакавии “Занкалонҳои қишлоқ” пешкаши мухлисони ҳаҷву ханда гашт.
Дӯстмурод Шарипов ва Илҳомҷон Шодиев, ки дар байни мардум бештар бо тахаллуси “Мугамбо” маъруф аст, парвардаи як мактабанд, вале вақтҳои охир дар якҷоягӣ хеле кам фаъолият менамуданд. Зоҳиран чунин менамуд, ки аз байни ин ду дӯст ва шарики саҳнавӣ “гурбаи сиёҳ гузашта” муносибатҳояшон вайрон шудааст, аммо Дӯстмурод дар барномаи “Корзина” овозаҳоро дар боби ҷанҷолашон бо Мугамбо рад намуда, гуфт дӯстии онҳо мисли пештара мустакам аст ва фаъолияти якҷояи густурда доранд. Шарипов Мунгамборо хеле таъриф карда, гуфт, онҳо ҳамдигарро пурра мекунанд ва ҳар бори бо ҳам вохӯрданашон ягон идеяи нав пайдо шуда, зуд аз пайи ба навор гирифтани он мешаванд.
Мугамбо-1
Филми мазҳакавии “Занкалонҳои қишлоқ” самари ҳамин ҳамкориҳои эҷодӣ буда, сарнавишти ҷавонмардони деҳотиро қисса мекунад, ки дар кӯча худро марди мардон мегиранд, вале дар хона ба қавле “қаламфури булғорӣ” буда, аз занашон қадди аҷал метарсанд. “Занкалонҳои қишлоқ”-ро коргардони ҷавону боистеъдоди тоҷик Акмал Ҷумъаев ба навор гирифта, лаҳзаҳои хандаовар дар филм хеле зиёданд, махсусан Мугамбо-Илҳомиҷони Шодӣ нақши худро бисёр табиӣ бозида аст ва бо дидани нағмаҳои хандаовари ин ҷавони ҳунарманд тамошобинон аз ханда қариб рӯдакан мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки Илҳомҷони Шодӣ ва Дӯстмурод Шарипов аввалин филми мазҳакавии худро соли 2011 ба навор гирифта буданд. Филми мазкур “Овораи Ишқ” ном дошта аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ гашта буд. Мугамбо ва Дӯстмурод боварӣ доранд, ки филми “Занкалонҳои қишлоқ” аз “Овораи ишқ” машҳуртар гашта, тамошобинони зиёде пайдо хоҳад кард.
мугамбо-2

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.