расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Душанбе аз Аҳмадшоҳи Масъуд ва муҳосираи Панҷшер гуфтанд.

. / Ҷомеа

Дар Душанбе аз Аҳмадшоҳи Масъуд ва муҳосираи Панҷшер гуфтанд.

Маҳфили ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд дар Душанбе


"Даргириҳои ҳозира дар Панҷшер идомаи занҷиравии қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар бист соли пеш аст." Ин ҷумла рӯзи 10-уми сентябр дар маҳфили ёдбуди қаҳрамони миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд, дар сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе садо дод. Дар маросим мақомоти Тоҷикистон ва сафирони кишварҳои хориҷӣ иштирок надоштанд.
 
Ёдоварӣ аз 20-умин солгарди қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҳоле баргузор шуд, ки гуруҳи «Толибон» қисмате аз зодгоҳи ӯ, вилояти Панҷшерро тасарруф карда, бахше аз оромгоҳашро вайрон карданд. Муҳаммад Заҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, рӯзи 10-уми сентябр гуфт, «Масъуд зарре ҳаст, ки бо шикастани сангаш, бо шикастани санги мақбарааш, аз ӯ чизе кам намешавад.»

»Толибон» мехостанд, аз ӯ интиқом бигиранд. Дар ҳамлае, ки ба Панҷшер доштанд, нафраташонро мебинед. Дар он дара тақрибан наслкушӣ мекунанд», — идома дод Латифи Пидром, раиси Кунгураи миллии Афғонистон.Гуруҳи «Толибон» дар нимаи моҳи август, баъди тақрибан бист соли сарнагунии ҳокимияташ, дигарбора назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт, аммо Панҷшер таслим нашуд. Дар онҷо Ҷабҳаи муқовимат бо «Толибон"-ро ташкил доданд, ки раҳбараш Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд аст.

Намояндагони «Толибон» рӯзи 6-уми сентябр, пас аз як ҳафтаи ҳамла ба Панҷшер, иддао карданд, ки вилоят ишғол шудааст, вале Ҷабҳаи муқовимат напазируфт.

Баъзе аз ҳамсангарони пешини Аҳмадшоҳи Масъуд дар нишасти Душанбе иддао карданд, ки «ҳоло 90 дарсади аҳолии Афғонистон ҳукумати «Толибон"-ро қабул надоранд». Дар ҳоле ки сухангӯи гуруҳ, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ташкили ҳукумати навро, ки «аморати исломӣ» меноманд, ниёзи мардум донист.

Шор Гул Паштунӣ, муовини собиқи вазири дифои Афғонистон, бо ёдоварӣ аз корномаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Душанбе гуфт, «қаҳрамон ҷойи таъриф дорад. Дар сатҳи як кишвар ва ҳатто дар сатҳи ҷаҳон номи як кас ёд мешавад. Пас, воқеан, касе ҳаст, ки аз кишвари худ, аз ватани худ андешае дорад.»


Сарчашма: Радиои Озодӣ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.