расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ИДОМАИ ҶАНҶОЛИ ДАШНОМДИҲИИ САРХАТИБИ РӮДАКӢ: НЕЪМАТЗОДА БАЪДИ ДАЪВАТАШ БА “СУҲБАТ” БЕМОР ШУДААСТ (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

ИДОМАИ ҶАНҶОЛИ ДАШНОМДИҲИИ САРХАТИБИ РӮДАКӢ: НЕЪМАТЗОДА БАЪДИ ДАЪВАТАШ БА “СУҲБАТ” БЕМОР ШУДААСТ (ВИДЕО)

Ҷамолиддин Неъматзода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ ва писари муфтии собиқи Тоҷикистон Амонулло Неъматзода, ки баъди расонаӣ шудани видеои дашномдиҳиаш дар масҷид дар сархатти хабарҳо афтод,  баъди даъваташ ба “суҳбат” аз ҷониби мақомот дар бемористон бистарӣ шудааст.  Мақомоти Кумитаи дин қаблан гуфта буданд, ки навори бадгӯиву бадрафтории сархатибро тафтиш хоҳанд кард. Афшини Муқим, сухангӯ и Кумитаи дин рӯзи 17 май ба Радиои Озодӣ гуфт,  шуъбаи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ Ҷамолиддин Неъматзодаро барои амалҳояш даъват кардааст, вале “Неъматзода бемор ва дар беморхона бистарӣ будааст”. “Баъд аз мураххас шудан аз бемористон ӯро муҳокима мекунанд”, — афзуд Афшини Муқим.
Қаблан гузориш шуда буд, ки рӯзи 7 май дар масҷиди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ пеш аз намози таровеҳ байни имомхатиб ва чанд намозгузор ҷанҷол шудааст. Имоми ин масҷид Ҷамолиддин Неъматзода, писари муфтии фақиди Тоҷикистон Амонулло Неъматзода мебошад.
Дар видео  дида мешавад, ки яке аз намозгузорон аз мардумро дашном додани писари имомхатиб, ки ба ҷои падараш имоматӣ кардани ӯ мояи норозигии намозгузорон шуд, изҳори нороҳатӣ мекунанд ва Ҷамолиддин Неъматзода ба нишони ҳимоят аз писараш бо ин мард вориди баҳси бигӯбигӯ мешавад. Мулло Ҷамолидин аз гиребони он мард дошта кашола мекунад, то ки ӯро ба ҳуҷраи дигари масҷид барад.  Намозгузорон монеъ мешаванд ва мегӯянд, “ин корро накунед”, “шумо хатибед”, “айб аст”.
Вале  Ҷамолиддин Неъматзода як дашноми обдоре ба забон меораду бо баландгӯяк хитоб ба мардум мегӯяд: “Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед! Бимиред ба ин рӯзатон! Наҳзатиҳову салафиҳо дар ин ҷо туп (манзур ҷамъ омадед) боз- а?”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.