расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАРГУЗАШТИ ЭШОНИ ҚИЛИЧ АЗ ТАБОРИ ЭШОНИ БАЛАИ БАЛҶУВОНӢ

Ҷомеа / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ ЭШОНИ ҚИЛИЧ АЗ ТАБОРИ ЭШОНИ БАЛАИ БАЛҶУВОНӢ

Хабарнигори тоҷик Сайёфи Мизроб рӯзи 2 май бо нашри акси таҷаммӯи садҳо нафар дар маросими намози ҷанозаи Эшони Қилич дар Сарбанд хабар дод, ки ин рӯҳонии шинохтаи вилояти Хатлон аз олам чашм пӯшид. Сайёфи Мизроб Эшони Қиличро “як тан аз шоҳсутунҳои мазҳаби Ҳанафия дар Хатлонзамин” ва “ҷияни Эшон Балаи Балҷувонӣ” номидааст.
Дар бораи сабаби марги Эшони Қилич ҷузъиёти дигаре гуфта нашудааст.
Аз аввали моҳи барои мусалмонон шарифи Рамазон ин бори дуюм аст, ки аз Тоҷикистон дар бораи даргузашти рӯҳониёни муътабараш хабарҳо ба даст мерасанд.
Рӯзи 13 апрел, дар рӯзи якуми Рамазон, Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз машҳуртарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, дар синни 80  вафот кард.
Рӯзи 14 апрел дар маросими ҷанозаи Домулло Ҳикматуллоҳ дар зодгоҳаш, деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ҳазорон нафар ҷамъ омаданд.  
Сайф Достиев
02.05.2021. Соат ба вакти Сарбанд 10:12 дакика. Як тан аз Шохсутунхои Мазхаби Ханафия дар Хатлонзамин, эшони Килич, чияни Эшон Балаи балчувони даргузашт…

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.