расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » НОМИ ТОҶИКИ НӮҲУМИ КУШТАШУДА ДАР МАРЗ МАЪЛУМ ШУД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

НОМИ ТОҶИКИ НӮҲУМИ КУШТАШУДА ДАР МАРЗ МАЪЛУМ ШУД (ВИДЕО)

Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи “СССР”  дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки дар муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон Меҳрӯзиддин Болтаев (Меҳроҷиддини Муҳриддин), сокини ҷамоати Ворух, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон низ ҷон бохтааст. Меҳрӯзиддин инак нӯҳумин нафар аз шаҳрвандони дар муноқишаи марзӣ кушташудаи Тоҷикистон аст, ки номашон нашр мешавад.
 Бархӯрдҳои хунини рӯзҳои 29 ва 30 апрел, ки ба тирпаррониҳо дар марзи навоҳии Исфараву Бодканд ва Б.Ғафурову Лайлак печид,  пурқурбонитарин муноқиша  натанҳо дар таърихи муноқишаҳои рухдода дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар умум дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.
Сайёфи Мизроб дар матлабаш Меҳрӯзиддини Муҳриддинро писархонди худу идораи “СССР” ном бурда, аз ҳисси фавқулодда баланди ватандӯстии ӯ, аз ҷумла чӣ гуна аз соли чоруми донишгоҳи тиббӣ ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафтанаш тавсиф кардааст.
Дар курси 4 дар Донишгоҳи тиббӣбо баҳои аъло мехондЧу дидвазиру кабирбачаҳхо аскарӣ намеравандомад редаксияпеши мандуову фотиҳа гирифт ва ба армия ихтиёрӣ рафтОн солҳо аз Донишгоҳи тибб на танҳо касе намерафтки 99,9% ба донишгоҳ барои нарафтан ба Армия дохил мешудандБовараш накарданд ва қариб ба Армия намебурдандашБо шаттаҷанг рафтбо даъвову судбозӣ Армия рафт то бар дигарон намунаи ибрат бошадВале баъди ӯ фисинбаччаҳои сарватманд касе Армия нарафт
Омадхонданашро давом доддиплом гирифтбоз омаддуову фотиҳа гирифта гуфт:
-Исфара мерам. Ворух! Марзу буми ватанро дар зодбумам ҳифз мекунам…”  – қисса кардааст Сайёфи Мизроб дар сӯгномааш дар марги Меҳрӯзиддин.
Бино ба хабарҳои расида, дар ҷараёни задухӯрдҳои ду рӯзи 28 ва 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду тараф 23 нафар кушта ва тақрибан 211 нафар захмӣ шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон расман шумори қурбониёнро нашр накардаанд, вале “Азия Плюс” аз ҳалокати дастикам 10 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 90 тан дар Исфара ва Б.Ғафуров хабар медиҳад
Аҳмадҷон Фаридунов, як корбари Фейсбук хабар дод, ки субҳи 30 апрел танҳо дар деҳаи Чоркӯҳ як нафарро ба хок супурданд ва баъди намози ҷумъа – боз 4 нафари дигарро.
Радиои Озодӣ  қаблан исми 8 нафар аз кушташудаҳо аз ҷониби Тоҷикистонро нашр кард;
1. САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, санаи таввалудаш 17.01.1993, зодаи деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон. Майор Салоҳиддин Гадоев, хатмкардаи Донишгоҳи қувваҳои сарҳадии Қазоқистон, 2 сол пеш аз ВМКБ ба вилояти Суғд рафта, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ будааст. Пайвандонаш гуфтанд, баробари сар задани низоъ дар марз ин афсари 28-соларо аз Мастчоҳ ба Исфара фиристодаанд.
2. БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини 30-солаи деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, падри як фарзанд 29 апрел кушта шуд. Яке аз пайвандони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтовар Маҳмудов субҳи 29  апрел барои обмонӣ ба боғашон рафта будааст. Бахтовар бегоҳи дирӯз фавтидааст ва ҷасади ӯро алакай ба хок супориданд.
3. НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода, низ рӯзи 29 апрел кушта шуд. Ӯ 28 сол дошта, соҳиби ду фарзанд буда, қарор аст, ҷасадаш соати 12-и имрӯз ба зодгоҳаш оварда, ба волидон супурда шавад.
4. УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини 32-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров р=зи 29 апрел аз тири силоҳ кушта шуд. Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, чанд сокини дигари ҷамоат низ дар тирпаррониҳои шаби гузашта миёни ин деҳаҳои наздимарзии ноҳияҳои Ғафуров Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон чанд сокини Овчӣ-Қалъача захм бардошта, таҳти табобат қарор доранд. Ӯ гуфт, “вазъ таҳти назорат аст ва муътадил ба назар мерасад.”
5-6. Pӯзи 29-уми апрел ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВи 26-сола ва ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДАи 26-сола, сокинони маҳаллаи Навободи Ҷамоати Чоркӯҳ кушта шуданд.
7-8. Як намояндаи ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА ва САФАР НАБИЕВ, ду сарбози қисми марзбонии Исфара, ҳангоми навбатдорӣ аз тири силоҳи оташфишон кушта шудаанд. Ҷасади онҳоро рӯзи ҷумъа дафн кардаанд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.