расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ОФАРИН! ХОНАНДАИ СИНФИ 7 АЗ ПАНҶАКЕНТ ТРАКТОРИ ҲАМАКОРА СОХТААСТ (ВИДЕО + 60 АКС)

Ҷомеа / Иқтисодиёт

ОФАРИН! ХОНАНДАИ СИНФИ 7 АЗ ПАНҶАКЕНТ ТРАКТОРИ ҲАМАКОРА СОХТААСТ (ВИДЕО + 60 АКС)

Хонандаи синфи 7 аз мактаби №14 шаҳри Панҷакент Дилшод Ойматов трактори хурди ҳамакора сохтааст, ки метавонад чандин амал, бо шумули бурдани то як тонна бор, ҷуфту чизел ва сихмолаву ҳамвор кардани замин, ҷӯву сартирак гирифтан ва реза кардан (фреза)-ро иҷро кунад. Трактори сохтаи Дилшод нафақат ғолиби Олимпиадаи 53-юми техникҳои навраси вилояти Суғд шуд, балки дар ин сабқати толибилмони соҳибистеъдоди ин вилоят, ки рӯзи 22 апрел дар ноҳияи Ҷаббор Расулов доир шуд, барои дастаи Панҷакент ҷои аввалро таъмин кард

 «Мақсади сохтани ин мини-трактор он аст, ки мо ҳар сол ба хотири кишт ва ғундоштани ҳосил маблағи калон сарф мекунем, ки ба буҷаи оилаи мо зарар мерасонад. Аз ин лиҳоз тасмим гирифтам  чизе ихтироъ кунам, ки ба оилаамон фоиданок бошад», — мегӯяд Дилшод.
Бино ба гузориши “Ховар”, трактори сохтаи Дилшод 9 намуди корҳоро метавонад анҷом диҳад. Ин трактори ҳамакора дорои таҷҳизоти иловагие, чун ҳамворкунак (дарозиаш 150 см), чизел барои кофтани замин (дарозиаш 120 см, бараш 50 см ва чуқурии лимехҳои он 40 см), сартиракгирак (бараш 50 см ва чуқуриаш 40 см), сихмола (дарозиаш 120 см ва бараш 100 см), ҷӯягирак (дарозиаш 120 см, бараш 60 см ва чуқуриаш 40) см ва фреза ё таҷҳизоти резакунӣ(дарозиаш 120 см) мебошад.
Ин трактор ҳамчунин притсеп (тарёл)-ро бо 1 тонна бор мекашад ва борҳои вазнашон то 300 килограммро мебардорад.
Дилшод Ойматов, ин навраси пуристеъдод гуфтааст, ки ният дорад, дар оянда тракторҳое, ки бо газ кор мекунанд, ва таҷҳизоти алафдаравак, чимзанак, картошкаканак низ бисозад.
Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар ҳисоботаш аз Олимпиадаи техникҳои наврас навиштааст, ки дар ин Олимпиада дар баробари трактори ҳамакораи Дилшод Ойматов таваҷҷуҳи тамошобинон ва ҳайъати ҳакамонро ҳамчунини чанд сохтаву ихтирои дигари техникҳои наврас, аз ҷумла дастгоҳи худсохти хишт аз хокаи кумур барои гармидиҳии печҳои барқӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, дастгоҳи худсохти истеҳсоли барқ аз вакуум аз шаҳри Хуҷанд, тайёраи бесарнишини Суғд-1 аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ракетаи парвозкунандаи МТИВ-2 аз шаҳри Хуҷанд, қайчии худсохти ҳамакор аз шаҳри Исфара, дастгоҳи автоматии омодасозии шир ва қаймоқ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дастгоҳи худсохти инкубатор барои парвариши чӯҷаҳо аз ноҳияи Ашт, гармхонаи боақл аз ноҳияи Шаҳристон, аробачаи худсохти маъюбӣ аз ноҳияи Деваштич, роботи ҳамакор аз шаҳри Истаравшан, анкабути ҳамакор аз шаҳри Конибодом, моторсикли худсохт аз шаҳри Бӯстон, дастгоҳи худсохти обҳои ташнашикан аз ноҳияи Мастчоҳ, силсила барномаи компютерии “Доно” аз шаҳри Хуҷанд, барномаи шинохти чеҳра аз шаҳри Гулистон ба худ ҷалб кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.