расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Барандагони Ҷоизаи Лоҳутӣ, сармуҳаррири сол ва журналисти сол маълум шуданд

. / Ҷомеа

Барандагони Ҷоизаи Лоҳутӣ, сармуҳаррири сол ва журналисти сол маълум шуданд

Сурат: Facebook
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад.
Барандагони Ҷоизаи Лоҳутӣ ва сармуҳаррири сол, журналисти сол, маҷаллаи сол, радиои сол, телевизиони сол, нашрияи сол эълон шуданд.
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 11-уми март дар маросими бахшида ба муносибати Рӯзи матбуот, барандагони ҷоизаи Лоҳутиро эълон кард.
Ҳамин тариқ дар бахши матбуоти даврӣ Ноилшоҳ Нуралиев – сармуҳаррири рӯзномаи “Омӯзгор”, Ҳақназар Каримзода - рӯзноманигори "Мароми пойтахт" ва Абдулвоҳид Оев - публитсист, дар бахши радио Худоёри Валӣ - рӯзноманигори радиои Имрӯз, дар бахши телевизион Муҳаммадраҷаб Ҳанафия - журналисти телевизиони Тоҷикистон сазовори ин ҷоиза шуданд. 
Сурат: Facebook
Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад.
Инчунин дар ин ҷорабинӣ “Сармуҳаррири сол” сармуҳаррири рӯзномаи "Садои мардум" - Самариддин Асоев  ва “Журналисти сол” Фатҳиддини Замон аз телевизиони «Тоҷикистон»  эълон шуданд.
“Маҷаллаи сол” - «Бонувони Тоҷикистон», “Радиои сол” -  радиои «Тоҷикистон», “Телевизиони сол” - телевизиони "Варзиш", “Нашрияи сол” - “Адабиёт ва санъат”, нашрияи соҳавии сол - «Инсон ва табиат» дониста шуданд.
Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ ба донишҷўёни факултаҳои журналистӣ - Шоҳчаҳон Қурбонов, Мубораки Қосим, Шаҳзод Қаюмов супорида шуд.
Замони  Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи матбуот 5 май – санаи нашри шумораи аввали газетаи “Правда” (нашрияи расмии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) ҷашн гирифта мешуд. Шуруъ аз соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик 11 март – санаи нашри аввалин шумораи нахустин газетаи тоҷикӣ “Бухорои шариф”, таҷлил карда мешавад. Имсол 109-солагии матбуоти тоҷик таҷлил мегардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.