расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Нигаронии Вазорати нақлиёт аз вазъи роҳҳои мошингарди минтақавӣ

. / Ҷомеа

Нигаронии Вазорати нақлиёт аз вазъи роҳҳои мошингарди минтақавӣ

Бо ин сабаб самаранокии кори нақлиёт нокофӣ арзёбӣ мешавад.

Сурат: chistoprudov.ru
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон вазъи кунунии аксари роҳҳои мошингарди минтақавӣ ва маҳаллии ҷумҳуриро “дорои қобилияти пасти равуо ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи меъёрҳои амалкунанда дар кишвар” арзёбӣ кард.
“Қисми зиёди шабакаи роҳҳо ба таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мутобиқи талаботи муосир имкон намедиҳад. Бо сабаби вазъи ғайриқаноатбахши техниии бисёре аз роҳҳои мавҷуда, самаранокии кори нақлиёт дар сатҳи паст қарор дорад”, - қайд мешавад дар Таҳқиқоти аввалияи экологии 9 март чопшудаи “Лоиҳаи рушди устувори шабакаи роҳҳои автомобилгард”.

узориши таҳияшуда ба ҷалби дастгирии молиявии Бонки осиёии рушд барои таъмиру барқарорсозии қитъаи роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт дар вилояти Хатлон равона гардидааст.
Масофаи қитъаи ин роҳи лоиҳа наздики 59 километрро ташкил дода, яке аз роҳҳои муҳими минтақавӣ дар ҷануби ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки айни замон дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад.
“Бар асари ин дар мавсими тирамоҳу зимистонаҳолии  деҳоти дар паҳлӯи роҳ воқеъбуда аз хизматрасониҳои тиббӣ, дастрасӣ ба таълиму, муассисаҳои давлатӣ ва бонку бозорҳо маҳрум мешаванд. Аз ин рӯ, маълум аст, ки таъмиру барқарор намудани ин қитъаи роҳ хеле муҳим аст”, - мегӯянд мутахассисони Вазорат.

Роҳҳои беҳтарин дар паҳнои ИДМ

Президенти Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ зимни ироаи паём ба парлумон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид.
Ба гуфтаи ӯ, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 млрд сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 км роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Президент қайд кард, ки солҳои наздик боз бунёди зиёда аз 1500 километр роҳҳои таъиноти байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ӯ таъкид кард, ки дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 млрд сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад.
Ӯ ба раддабандии аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ нашршуда ишора кард, ки аз лиҳози сифати роҳҳо Тоҷикистон байни 141 кишвари саросари дунё зинаи 50-умро ишғол мекунад.
Дар ин раддабандӣ миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Озарбойҷон болотар аз Тоҷикистон ҷойгир аст.
Лекин зимни арзёбии вазъитяти роҳҳои автомобилгард муаллифони раддабандӣ шояд вазъияти роҳҳои ВМКБ-ро ба инобат нагирифта бошанд, ки дар муддати 30 соли охир рӯйи таъмиру барқарорсозиро надидаанд.
Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ айни замон ҳудуди 27 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Зиёда аз 14 ҳазор роҳҳои мошингард бо 2232 пул дар тавозун (баланс)-и муассисаҳои дахлдори давлатии тобеи Вазорати нақлиёт ва наздики 13 ҳазор километр роҳи байнихоҷагӣ ва байниидоравӣ дар ихтиёри дигар ташкилоту корхонаҳо қарор доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.