ҶАСАДИ ГУЛҲАВАСРО БАЪДИ 17 РӮЗ ПАЙДО КАРДАНД. ҶУСТУҶӮИ СЕ НАФАРИ ДИГАР ТО ҲОЛ ИДОМА ДОРАД...
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ)-и Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшон шоми 31 август, баъди 17 рӯз ҷасади Гулҳавас Шоҳмирзоеваи 33-сола, яке аз чор узви як оила аз деҳаи Машхевади ноҳияи Айниро, ки рӯзи 14 август ҳангоми убури дарё бо заврақи худсохт ғарқ шуданд, пайдо карданд. Ҷустуҷӯи се нафари дигар идома дорад. КҲФ қаблан хзбар дода буд, ки субҳи 14 август, тахминан соати 09:50 4 узви як оила аз деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур аз дарёи Искандар бо заврақи худсохт ғарқ шудаанд. КҲФ ин фалокатро "мудҳиштарин фоҷиаи рӯз” номида, навишта буд, ки "зарфи ҳадди ақал як даҳсолаи охир ин минтақа ин гуна фоҷеаро ёд надорад. Ёдашон ба хайр!"Ғарқшудагон:
1. Шомирзоев Исмоил, соли таваллудаш 1959
2. Шоҳмирзоева Гулҳавас, соли таваллудаш 1987
3.Наврузов Пурдил, соли таваллудаш 2018, набераи Шомирзоев И.
4.Пирова Наврӯзмо, соли таваллудаш 1990, келини оила.