расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Аввалин бастаҳои ваксинаи зидди COVID-19 ба Тоҷикистон расид

. / Ҷомеа

Аввалин бастаҳои ваксинаи зидди COVID-19 ба Тоҷикистон расид

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, ки аввалин бастаҳои ваксинаи зидди COVID-19 ба кишвар ворид шудааст. Қарор аст рӯзҳои наздик эмкунии муқобили коронавирус дар Тоҷикистон оғоз шавад ва дар навбати аввал пизишкон ваксина мегиранд. Ин ваксинаҳо дар доираи барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо номи COVAX ба Тоҷикистон ройгон дода шуданд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ рӯзи 9-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта ба кишвар 192 ҳазор воя ваксинаи "Астразенека" ворид шудааст. Ба гуфта ҷаноби Ҷаъфаров, ваксинаи мазкурро дар ҷойҳои махсус нигоҳдорӣ мекунанд ва барои оғоз кардани эмкунӣ бояд қарори ҳукумат содир шавад.
"Мунтазири қарори ҳукумат ҳастем. Мо лоиҳаи қарорро омода кардем, ба вазорату идораҳо пешниҳод мешавад ва ҳукумат, ки тасдиқ кард, гузарондани ваксинаро оғоз мекунем",-афзуд Наврӯз Ҷаъфаров. Ин мақоми Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки дар навбати аввал пизишкон ваксина мегиранд.
Ҳанӯз маълум нест, ки қарори ҳукумат дар бораи оғози ваксинагузаронӣ кай содир мешавад, аммо мақомот умед доранд, ки ин кор ба зудӣ сурат мегирад.
Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX бояд 730 ҳазор ваксинаи ройгони "Астразенека"-ро дарёфт мекунад. Аз ин миқдор 192 ҳазор воя ваксина ба Тоҷикистон расида, дақиқ нест, ки миқдори боқимонда кай ба кишвар мерасад.
Се рӯз қабл Ситоди муқобила бо коронавирус ба Вазорати тандурустӣ дастур дода буд, ки "барои гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) чорабиниҳои омодагиро ба роҳ монад".
Моҳи феврал Вазорати тандурустӣ дар доираи як назарпурсӣ аз сокинон суол кард, ки оё мехоҳанд ваксинаи зидди COVID-19 бигиранд. Мақомот гуфтанд, 81 дарсади пурсидашудагон барои гирифтани ваксина розигӣ додаанд. Аммо пурсиши Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе нишон дод, ки бештари сокинон дар бораи ваксина маълумоти зиёде надоранд.
Тоҷикистон баъд аз гузашти зиёда аз се моҳи тасдиқи аввалин ваксина зидди COVID-19, ваксина дарёфт мекунад. Ин аст, ки бархе коршиносон Вазорати тандурустиро ба талаф додани вақт ва кашолкорӣ гунаҳкор карданд, аммо масъулони ин ниҳод чунин чизеро рад кардаанд.
Дар умум Тоҷикистон аз Созмони Ҷаҳони Тандурустӣ 20 дарсад ваксинаи заруриро ройгон хоҳад гирифт. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ рӯзи 12-уми феврал дар дар як нишасти матбуотӣ гуфт, боқимондаи ваксинаро бояд Тоҷикистон бихарад. Аз ҷумла ба гуфта вазири тандурустӣ, гуфтугӯҳо барои дарёфти ваксинаи русии "Спутник V" идома доранд. Ахиран мақомот Чин ҳам ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон пешниҳод карданд.
Бар иловаи дарёфти ваксинаи ройгон аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Бонки Ҷаҳонӣ барои хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 барои Тоҷикистон 8,63 миллион доллар кумак ҷудо кард.
Аввалин ваксинаҳои зидди коронавирус дар шароите ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ки Вазорати тандурустии кишвар ду моҳи ахир аз сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 хабар медиҳад. Ҳарчанд бархе коршиносон ва сокинон изҳороти вазоратро дар бораи набудани коронавирус зери шубҳа мебаранд.
Тибқи иттилои расмӣ гирифтории беш аз 13 ҳазор нафар ба COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ шуда, аз ин беморӣ 90 нафар фавтидаанд. Аммо коршиносони мустақил ба ин рақамҳо шубҳа доранд ва мегӯянд, миқёси сирояти коронавирус ва талафот аз он ба маротиб бештар аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.