расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Эҳтимоли иҷозаи вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русия

. / Ҷомеа

Эҳтимоли иҷозаи вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русия

Дар доираи квота имсол 630 нафар тоҷикистониён ба мактабҳои олии Русия қабул шудаанд.

Донишҷӯёни тоҷик дар Русия
Сурат: "Парламентская газета"
Ба донишҷӯёни хориҷӣ барои гирифтани маълумот ва идомаи таҳсил дар мактабҳои олии Русия иҷозаи вуруд ба қаламрави ин кишварро дода метавонанд.
Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, айни замон ба фармоиши ҳукумати Русия аз 16 марти соли равон дар қисмати вуруди шахсон барои гирифтани маълумот дар муассисаҳои маълумоти олии Русия (аз 1 сентябри соли 2020) ва шахсоне, ки ба Русия барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ меоянд (аз 15 октябр) ба давраи на камтар аз се моҳ тағйирот ворид мешавад.

Ҳамчунин дар назар аст, ки ба шахсоне, ки дар мактабҳои олии Вазорати мудофиаи Русия таҳсил мекунанд ва шахсоне, ки “ба соли хониши 2020-2021 бо раводидҳои амалкунандаи ташсилот аз кишварҳои реҷаи бе раводид ё тибқи рӯйхатҳое, ки ба Хадамоти федарлии амнияти Русия аз Вазорати мудофиаи ин кишвар фиристода мешаванд, аз давлатҳое, ки бо онҳо реҷаи бе раводид ҷорӣ шудааст”, иҷозаи вуруд дода шавад.
Дар санад қайд мешавад, ки шахсоне ки азми сафари Русия доранд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сироятёбӣ аз коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз се рӯз то омадан ба кишвар гирифта шуда бошад.
Дар ҳамин ҳол, қаблан Роспотребнадзор тавсияҳое нашр кард, ки мутобиқи он, хориҷиён ба дарсҳо дар мактабҳои олӣ пас аз 14 рӯзи ҷудонигаҳдорӣ (изолятсия) аз рӯзи омадан бо баргузории муоина ба сироят аз коронавирус дар рӯзҳои 10-12-ум роҳ дода мешаванд.
Қалблан дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар робита ба шумори донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки имсол ба мактабҳои олии Русия дохил шудаанд изҳор дошт, ки дар доираи квотаи ҳукумати Русия имсол 630 нафар ба мактабҳои олии Русия қабул шуда, инчунин муассисаҳо довталабонро тариқи онлайн бо ёрии шарикони тоҷикистонии худ низ ба таҳсил қабул мекунанд
“Солҳои пеш ҳудуди 4,5 ҳазор донишҷӯёни тоҷик ҳамасола ба мактабҳои олии Русия дохил мешуданд. Маъракаи қабул ба мактабҳои олии Русия идома дошта, аз ин рӯ, натиҷагирӣ аз он ва пешниҳоди маълумоти саҳеҳ дар бораи шумори донишҷӯёни имсолаи тоҷикистонӣ дар Русия бо сабаби вазъи вобаста ба коронавирус ҳоло барвақт аст”, - иброз дошт дипломат.
Киҳо айни замон аз Тоҷикистон ба Русия парвоз карда метавонанд?
- шаҳрвандони Русия;
- шахсоне, ки Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия доранд;
- иштирокчиёни Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон;
- ҳамсарон, волидон ва фарзандони шаҳрвандони Русия.
Қобили зикр аст, ки моҳи сентябр аз Тоҷикистон ба Русия иловагӣ 14 хатсайри чартерии баргардонидани русиягиҳо ба ватан анҷом дода мешавад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.