расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Сафарбар шудани кормандон ба ободкорӣ дар осоишгоҳи «Сипар»

. / Ҷомеа

Сафарбар шудани кормандон ба ободкорӣ дар осоишгоҳи «Сипар»

1532
Бо дастури сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шамбиевич хайати шахсии шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи Раёсат дар осоишгоҳи «Сипар»-и ВКД, воқеъ дар шаҳри Гулистон ниҳолшинонӣ карданд. Бо ташкили маъракаи дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ ниҳолҳои ҳамешасабз, дарахту буттаҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда ба монанди арча, каштан, гелос ва хурмо бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди қитъаву роҳравҳои бинои маъмурии осоишгоҳ шинонида шуд. Ниҳолҳо бо тавсияи мутахассисони соҳа аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ дастрас гардида ба иқлими минтақа мувофиқ мебошанд. Ҳашари ниҳолшинонӣ бо роҳбаладии масъулини хоҷагиҳои боғдорию ниҳолпарварӣ ҷараён гирифта, дар баробари риояи қоидаҳои агротехникӣ зимни ниҳолшинонӣ ба намуди ороишии боғ ва мавзеъҳои сарсабз аз нигоҳи зебогӣ таваҷҷуҳ карда шуд.
153315341536
Сарсабзии ниҳолҳои шинонидашуда дар оянда метавонад мавзеи мазкурро ба макони ободу зебо табдил диҳад.
Ёдрас мешавем, ки осоишгоҳи «Сипар»-и ВКД дар соҳили «Баҳри тоҷик» ҷойгир буда бо мақсади васеъ намудани имкониятҳо барои қабули истироҳаткунандагон иншоотҳои нави истироҳатию таълимӣ дар осоишгоҳ бунёд шуда истодааст.
Бо пешниҳоди роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд то ба пурраги мавриди баҳрабардори қарор гирифтани иншоотҳои сохташаванда, ҳар ҳафта бо ҷалби ҳайати шахсӣ чорабинии дастаҷамъонаи тозакорӣ «Шанбегӣ» гузаронида мешавад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.