расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Вазири тандурустӣ аз Туркия маҷмӯи тиббии сайёр мехарад

. / Ҷомеа

Вазири тандурустӣ аз Туркия маҷмӯи тиббии сайёр мехарад

Барои ташхис ва муолиҷаи сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ва деҳоти дурдасти кишвар.


Сурат: Аксҳо аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо мақсади гузаронидани комиссияи инспектсионӣ ҷиҳати харидорӣ ва қабули маҷмӯи тиббии сайёр дар Туркия қарор дорад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, таҷҳизот барои бунёди панҷ маҷмӯи тиббии сайёр дар доираи татбиқи маблағгузории бебозгашт аз ҷониби  Бонки исломии рушд (БИР) харидорӣ шуда, дар озмуни байналмилалӣ ширкати «Нормека»-ро (Норвегия) ҳамчун оператори пешниҳоди маҷмӯи тиббии сайёр интихоб шудааст.

“Маҷмӯи тиббии сайёр воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дарозиашон тибқи стандартҳои аврупо 18 метр ва баландиашон 4,2 метр мебошанд, ки дар он ҳуҷраҳои гуногун, аз ҷумла акушерӣ, офталмологӣ, кардиологӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ ва таҷҳизот барои эндоскопияи хурд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизматрасонӣ менамоянд.
Зимнан зикр мегардад, ки Созишномаи мазкур байни Тоҷикистон ва БИР ҳанӯз соли 2014 ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии тасдиқ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.