Бонки миллӣ: “Бинои нав сохтанӣ нестем”
Дар ҷойи бинои Бонк маҷмааи боғи “Истиқлолият” бунёд мегардад.
Ин бинои Бонки миллӣ аллакай вуҷуд надорадЧанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ лоиҳаи бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон нашр шуд. Акс дар саҳифаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Facebook пайдо шуд. Дар маълумот зикр шуда буд, ки ин бино тахминан на камтар аз 16-ошёна хоҳад буд.
Ин навишта мавриди баҳс дар Facebook қарор гирифта, касе аз сарфакорӣ ва оқибатҳои коронавирус, дигаре доир ба мувофиқи мақсад будани харҷи пул барои сохтмони бино ҳарф заданд. Чандеи дигар лоиҳаро мавриди интиқод қарор дода, изҳор доштанд, ки он ба шароити мо мутобиқ нест.
Барои шарҳ ба Бонки миллии кишвар муроҷиат кардем ва дар он ҷо ба мо хабар доданд, ки “ҳарчанд меъморон лоиҳаро таҳия карда бошанд ҳам, умуман бинои нав сохтанӣ нестанд”.
“Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди сохтмони бинои нав ягон тасмиме нагирифтааст ва нақшаи сохтмони биноро ҳам надорад”, - гуфтанд дар БМТ.Зимнан зикр шуд, ки қисме аз ҳайати кормандони Бонк дар бинои қаблӣ воқеъ дар хиёбони Рудакӣ 23/2 дар шафати Вазорати молияи ҶТ (наздики Театри академии давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) ва қисме дар бинои Душанбе Плаза кору фаъолият доранд.
Дар ҷойи бинои тахрибшуда Бонки миллӣ маҷмааи боғи нави "Истиқлолият" бунёд мегардад.
Он замон зикр шуда буд, ки бинои нави Бонки миллӣ бояд муосиру ҷавобгӯ ба Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва на камтар аз 16 ошёна бошад.
Сохтмони бинои тахрибшудаи Бонки миллӣ охири солҳои 80-ум оғоз гардида, нимаи дуюми солҳои 90-ум бинои сохтмонаш нотамомро Бонки миллӣ харидорӣ ва сохтмонашро анҷом дода, охири соли 2005 ба ин бино гузашт.