расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ПАРВАНДАИ «МУШКИЛОСОНКУН» БОБОҚУЛЗОДАРО БА ДОДГОҲ ФИРИСТОДААНД

. / Ҷомеа

ПАРВАНДАИ «МУШКИЛОСОНКУН» БОБОҚУЛЗОДАРО БА ДОДГОҲ ФИРИСТОДААНД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши парвандаи Назар Хурсанд Бобоқулзода бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург хабар дод. Бино ба иттилоияи маркази матбуоти агентӣ, Бобоқулзода, ки солҳои 2009 ва 2015 бар асоси моддаҳои 247, 250 ва 314 ду маротиба суд шудааст, аз ин ду ҳукми худ хулосаи даркорӣ набароварда,  моҳи ноябри соли 2019 аз шаҳрванд С.Алимназарова бо ваъдаи омодани кардани ҳуҷҷатҳои замини деҳқонии «Умар» дар ноҳияи Шаҳритӯс 5039 сомонӣ гирифтааст. Бобоқулзода ҳамчунин ба он айбдор мешавад, ки моҳи марти соли 2019 аз шаҳрванд К.Муродов барои ҳал кардани як мушкилаш дар РВКД вилояти Хатлон 23 ҳазор сомонӣ ва моҳи апрели соли 2020 бо ҳамин тарзу усул аз шаҳрванд Бобомуродов Р. 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф кардааст.

Тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ

Бобоқулзода Назар Хурсанд, ки қаблан солҳои 2009 ва 2015 барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 247, 250 ва 314 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд, аз ин ҳолатҳо ба худ хулосаи даркорӣ набароварда, моҳи ноябри соли 2019 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Алимназарова С.А. барои омода карда додани ҳуҷҷатҳои замини хоҷагии деҳқонии “Умар”-и ноҳияи Шаҳритус маблағи 5.039 сомонӣ талаб карда гирифт.
Инчунин, Бобоқулзода Н.Х. моҳи марти соли 2019 аз шаҳрванд Муродов К., барои ба манифаташ ҳал намудани санҷиши ариза, ки дар РВКД дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дошт, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, маблағи 23.000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуд.
Ғайр аз ин, Бобоқулзода Н.Х. бо ҳамин тарзу усул моҳи апрели соли 2020 аз шаҳрванд Бобомуродов Р. маблағи 100.000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати шахсии худ истифода намуд.
Доир ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Бобоқулзода Назар Хурсанд бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
          Маркази матбуоти Агентӣ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.