расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ошкор шудани ҷинояти куштор дар ноҳияи Кӯшониён

. / Ҷомеа

Ошкор шудани ҷинояти куштор дар ноҳияи Кӯшониён

Аз маъёр зиёд истифода намудани нӯшокиҳои спиртӣ барои инсон зараровар буда, дар бисёри ҳолатҳо ба содир намудани кирдорҳои хилофи қонун оварда мерасонад.
Далели ин гуфтаҳо куштори бераҳмонаи як нафар мард дар ноҳияи Кӯшониён мебошад, ки аз ҷониби ҳамдеҳаи худ дар паи муноқиша ба ҳалокат расонида шуд.
Рӯзи 9-уми декабри соли 2020, ҷасади марди 64-солаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони ШКҶ РВКД дар вилояти Хатлон, кормандони ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён ва прокуратураи ноҳияи мазкур муайян карда шуд, ин нафар Султонмуродов Маҳмад, соли таваллудаш 1956, сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён аст, ки санаи 8-уми декабри соли равон, тахминан соати 21:00, бо Турдалиев Холмурод, марди 46-солаи сокини деҳаи Истиқлол дар ҳолати мастӣ байнашон муноқиша сар мезанад.
Турдалиев Холмурод бо мақсади баргардонидани фонуси дастиаш (фонарик), ки гӯё марҳум Султонмуродов М. фонусро аз хонааш дуздида аст, ба манзили истиқоматии номбурда омада, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, дар ғазаб шуда, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба гардани ӯ задааст.
Дар натиҷа, номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда дар Прокуратураи ноҳияи Кӯшониён парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.