расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ФАВРӢ! ҲАБСИ АБДУСАЛОМ ОДИНАЗОДА ДАР АВСТРАЛИЯ БО ИТТИҲОМИ ТАРҒИБИ ТЕРРОРИЗМ

. / Ҷомеа

ФАВРӢ! ҲАБСИ АБДУСАЛОМ ОДИНАЗОДА ДАР АВСТРАЛИЯ БО ИТТИҲОМИ ТАРҒИБИ ТЕРРОРИЗМ

Олими биохимики 52-сола аз Тоҷикистон Абдусалом Одиназода рӯзи сешанбе, 22 декабр дар ҷараёни як амалиёти пулиси зиддитеррор дар хонааш дар шаҳри Перт, маркази аёлати Австралияи Ғарбӣ бо иттиҳоми тарғиби терроризм бар асоси 4 модда дастгир шудааст.
Рӯзи 23 декабр, Одиназодаро барои муддати кӯтоҳе ба додгоҳ эҳзор кардаанд. Ӯ барои озодии шартӣ дар ивази гаравпулӣ пешниҳод надодааст ва додгоҳ Одиназодаро то 15 январ, яъне то рӯзи мурофиаи баъдӣ ба ҳабс гирифтааст, – хабар медиҳанд расонаҳои Австралия.
Одиназода бо видеоҳои моҷаробарангезаш дар Ютуб ва Фейсбук ном бароварда буд. Охирин матлаби ӯ дар Фейсбук рӯзи 21 декабр, як рӯз қабл аз ҳабсаш нашр шудааст.
Абдусалом Одиназода, зодаи деҳаи Сурхи Исфара, чандин сол дар Австралия машғули корҳои илмӣ дар риштаи биохимия буд. Ӯ соли 2015 ба Тоҷикистон баргашт ва дар Донишгоҳи тиббӣ дарс медод. Вале дар поёни соли 2016 дубора Тоҷикистонро тарк кард ва ба Австралия баргашт.
Одиназода дар видеоҳояш мавқеи тунд дошт, аз гуруҳҳои ифротиву террористӣ пуштибонӣ мекард ва роҳбарони оппозитсияи тоҷик ҳамла мекард.
Мақомоти Австралия ӯро дар нашри матлабҳое дар Интернет айбдор мекунанд, ки ба ақидаи пулис, ба ҳамлаҳои ифротӣ дар хориҷ ташвиқ мекунанд.
Кормандони Гуруҳи муштараки зиддитеррористии аёлати Австралияи ғарбӣ тафтиши фаъолиятҳои Одиназодаро моҳи феврали соли 2020 дар пайи ошкор кардани видеоканали ӯ бо даъватҳо ба ҳамлаҳои ифротӣ оғоз кардаанд. Моҳи апрели соли 2020 пулис манзили ӯро кофтуков карда, чанд василаи электронии Одиназодаро мусодира кард. Дастури кофтукови нави манзили Одиназода рӯзи 22 декабр дар пайи ҳабси ӯ содир шудааст.
Ёвари комиссари пулиси федералии Австралия Скотт Ли гуфт, муфаттишон «садҳо соат»-ро барои таҳқиқ ба харҷ доданд, то кор то ба ҳабси Одиназода расид.
Фармондеҳи пулиси аёлати Австралияи ғарбӣ Прайс Сканлан гуфт, ин боздошт ба аҳамияти ҳушёриву зиракӣ дар масоили терроризм дар Австралия таъкид мекунад.
“Матлабҳои интернетие, ки ба анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ даъват мекунанд, метавонанд одамонро дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, аз ҷумла дар ҷомиаи мо, фаро бигиранд ва фавқулодда муҳим аст, ки мо нафарони масъул ба чунин даъватҳоро ошкор бикунем ва ба ҷавобгарӣ бикашонем», – гуфт Сканлан.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.