расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Туҳфаи бонуфуз ба МегаФон Тоҷикистон барои нақл оид ба меҳнати кормандони соҳаи алоқа

. / Ҷомеа

Туҳфаи бонуфуз ба МегаФон Тоҷикистон барои нақл оид ба меҳнати кормандони соҳаи алоқа

Ҷоиза аз рӯйи номинатсияи “Лоиҳаи беҳтарин оид ба ташаккули имиҷи ташкилот” дода шуд.


Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ғолиби ҷоизаи бонуфузи байналмилалии Eventiada IPRA Golden World Awards 2020 эътироф карда шуд. Ҷоиза аз рӯйи номинатсияи “Лоиҳаи беҳтарин оид ба ташаккули имиҷи ташкилот” бо лоиҳаи "Связист Transformation”, ки доир ба фаъолияти мутахассисони соҳаи телекоммуникатсия маълумот дода, инчунин дар давраи худканорагирӣ ба муштариён имкон медиҳад, ки вақтро бо фоида гузаронанд, ба даст оварда шуд. 
Дар соли равон бинобар пеш гирифта шудани чораҳои зиддивирусӣ нақши алоқа то дараҷаи назаррас баланд шуд. Маҳз ҳамин сабаб шуд, ки мо дар бораи шахсони таъминкунандаи алоқаи боэътимод барои фаъолияти дурдаст ва муошират бо наздикон маълумот диҳем. Моро зарур буд, ки онҳоро дар ин давраи мушкил аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ намоем”, - мегӯяд Валентина БУТНИК, директор оид ба робита бо ҷомеаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
Дар рафти лоиҳаи “Связист Transformation” силсилаи маводҳо оид ба кормандони ширкат, ки дар соли равон унвони фахрии “Устоди алоқа”-ро соҳисб шуда буданд, омода гардиданд. Ин маводҳо дар онлайн-манбаъҳои умумидастрас ҷойгир карда шуданд. Хонандагон доир ба он, ки чи тавр кормандони беҳтарини МегаФон касби худро интихоб карда, чи тавр вазифаҳои муҳимтаринро иҷро намуда, чи гуна натиҷаҳоро ба даст меоварданд,  маълумоти муфассал гирифтанд. Ҳикояҳои ғайрирасмӣ кӯмак карданд, ки робита бо мизоҷон наздиктар карда шавад.     

Вазифаи дуюми муҳимми лоиҳа дастгирӣ кардани сокинони кишвар буд, ки дар давраи пандемия маҷбур буданд аз ҳамкорон, дӯстон ва наздикони худ дур бимонанд. Бо ин мақсад МегаФон Тоҷикистон якчанд онлайн-шабакаҳоро роҳандозӣ намуд, ки тариқи онҳо коршиносони ширкат ба муштариён дар гирифтани донишҳои муфид ва бо фоидаи бештар гузаронидани вақт дар айёми худканорагирӣ кӯмак мекарданд. Шабакаи “Фитнес онлайн” имкон медиҳад, ки машғулиятҳои варзиш дар хона амалӣ карда шаванд. “Консалтинги молиявӣ” имкон медиҳад, ки маърифати молиявӣ баланд бардошта шавад. “МегаФон дар пахши мустақим” бошад – лоиҳаест, ки барои гирифтани машварат аз мутахассисони зерсохторҳои мухталифи ширкат: муҳандисон, мутахассисони HR ва PR, кормандони маркетинг имконият фароҳам меорад. 
“Лоиҳаи “Связист Transformation”, ки мо худ онро “Алоқачӣ будан – боиси ифтихор аст” меномем, барои мо лоиҳаи “ниҳоят шахсӣ” баромад. Шояд қаблан дар бораи худ, дар бораи асрори касбии худ мо чунин муфассал ва кушод маълумот надода будем.  Зиёда аз 3 миллион нафар, яъне наздики 20% тамоми аҳолии Тоҷикистон дар бораи “Мутахассисони алоқа”-и мо, кор оид ба таъмини эътимоднокии хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ маълумот пайдо карданд. Боиси хушҳолист, ки лоиҳа аз ҷониби ҳайати ҳакамони ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуд. Барои мо ин аввалин ҷоизаи Eventiada IPRA Golden World Awards нест, лекин ҳолати нахустинест, ки мақсади лоиҳаи “ғолиб” баландбардории нуфузи касби мутахассиси алоқа ба шумор мерафт. Боварӣ дорем, ҳатто намояндагони ширкатҳои дигари телекоммуникатсионӣ низ муносибати нисбатан боэҳтиромро нисбати худ аз ҷониби муштариён эҳсос намуданд ва акнун онҳо низ гуфта метавонанд, ки: “Алоқачӣ будан – боиси ифтихор аст!” – изҳор дошт Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.