расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » АНҶЕЛЕНА ҶОЛӢ "ДВОЙНИК"-И ХУДРО МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД?

. / Ҷомеа

АНҶЕЛЕНА ҶОЛӢ "ДВОЙНИК"-И ХУДРО МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД?

Фотима Хишванд, як блогери 19-солаи эронӣ, ки дар шабакаи Инстаграм бо номи Саҳар Табар машҳур аст, ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Daily Mail” иттилоъ медиҳад.
Ин блогер, ки чеҳраи худро ба таври даҳшатнок ба ҳунарпешаи амрикоӣ Анҷелина Ҷолӣ монанд кардааст, ба куфргӯӣ, ба даст овардани даромад бо роҳҳои ғайри қобили қабул ва ташвиқи фасод дар байни ҷавонон айбдор карда мешавад. Рӯзноманигори эронӣ Масеҳ Алинажод ба Анҷелина Ҷолӣ муроҷиат карда, чунин гуфтааст: “Саҳар Табар ҳамагӣ 19 сол дорад. Модараш ҳар рӯз гиря мекунад, ки духтари бегуноҳашро озод кунанд. Анҷелина Ҷолии азиз, мо ба дастгирии шумо ниёз дорем”. Фотима Хишванд моҳи октябри соли гузашта боздошт шуда буд ва дар боздоштгоҳи пешакӣ қарор дошт. Моҳи апрели имсол бошад, ба бемории коронавирус гирифтор шуда, маъмурияти ҳабсхона маҷбур шуданд, ки ӯро барои табобат ба беморхонаи Теҳрон интиқол диҳанд. Ӯ соли 2018 замоне машҳур шуд, ки расмҳояшро бо воситаи барномаҳои гуногун ба Анҷелина Ҷолӣ монанд мекард. Ҳатто овозае ҳам паҳн шуда буд, ки гӯиё ӯ барои ба Анҷелина Ҷолӣ монанд шудан 50 амалиёти ҷарроҳиро анҷом дода бошад, аммо ин то куҷо ҳақиқат дорад, номаълум боқӣ мондааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.