расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАРГУЗАШТИ НИКОЛАЙ САВЧЕНКОВ – НАХУСТИН САРДОРИ СОХТМОНИ НИРӮГОҲИ РОҒУН АЗ КОРОНАВИРУС (18 АКС)

Ҷомеа / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ НИКОЛАЙ САВЧЕНКОВ – НАХУСТИН САРДОРИ СОХТМОНИ НИРӮГОҲИ РОҒУН АЗ КОРОНАВИРУС (18 АКС)

Николай Григоревич Савченков, нахустин сардори сохтмони нирӯгоҳи Роғун субҳи 17 декабр дар бемористони №70-и шаҳри Маскав дар синни 89 аз коронавирус даргузашт. Яке аз наздиконаш ба пойгоҳи хабарии «Бомдод» хабар дод, ки Савченков ибтидо ба сабаби поён рафтани сатҳи гемоглобин дар хунаш бистарӣ карда шуд, вале дар бемористон дучори коронавирус шуд. «аз 4 декабр дар бемористон буд ва 4 рӯзи охир таҳти дастгоҳи сунъии нафаскашӣ (ИВЛ) қарор дошт. Вале табибон ӯро наҷот дода натавонистанд ва қалби Николай Григоревич субҳи 17 декабр, аз задан бозмонд. Тоҷикистон нафареро аз даст дод, ки дар рушди иқтисодаш хидматҳои бузург кардааст», – гуфт ҳамсуҳбати «Бомдод».
Николай Савченков 13 сол (солҳои 1961-1974) дар сохтмони нирӯгоҳи Норак иштирок карда, 14 сол (солҳои 1978 – 1992) сардори сохтмони нирӯгоҳи Роғун буд. Ӯ ҳамчунин солҳои 1974-1978 муовини сарвазири Тоҷикистон буда, тамоми сохтмонҳои ҷумҳуриро роҳбарӣ мекард ва маҳз дар ҳамон давра давраи ҷаҳиши саноатии Тоҷикистон шуд: Корхонаи алюминсозӣ ва корхонаи фарфори Турсунзода ва худи ин шаҳр сохта шуданд, ба муносибати 100-солагии Садриддин Айнӣ хиёбони ба номи ӯ дар Душанбе бозсозӣ шуд ва муҷассамаи Айнӣ бо як маҷтамаи ёдгорӣ дар ин хиёбон қомат афрохт.
Вале муҳимтарин тарҳҳои зиндагии Николай Савченков дар Тоҷикистон, албатта, ду нирӯгоҳи Норак ва Роғун буд. Бахусус Роғун.
 «Ӯ хеле самимона, бо тамоми қалбаш Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро дӯст медошт, барои ҳар пешрафти мо шодӣ мекард, барои ҳар нокомиамон ғусса мехӯрд. Ӯ аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун чӣ қадар шодӣ мекард. Зеро ин як қадами дигар ба сӯи ҷомаи амал пӯшидани муҳимтарин орзуи зиндагии ӯ буд. Николай Григоревич орзу дошт, ки анҷоми сохтмони нирӯгоҳи Роғунро бубинад. Ӯ ин нирӯгоҳро марвориди силсилаи нирӯгоҳҳо дар дарёи Вахш медонист», –  гуфт дар суҳбат бо «Бомдод» яке аз дӯстони Николай Савченков.
Савченков Николай Григоревич соли 1932 дар ноҳияи Дмитрови вилояти Орёл ба дунё омада, соли 1955 Донишкадаи муҳандисони хоҷагии оби шаҳри Маскав ба номи В.Р. Вильямсро бо ихтисоси муҳандис –гидротехник хатм кардааст.
Ӯ собиқаи кориашро соли 1955 дар сохтмони канали Қароқум дар Туркманистон оғоз карда, то ба мақоми сардори идораи сохтмон (СМУ)-и шаҳри Тежен расид.
Николай Григоревич соли 1961 ба Тоҷикистон омад ва беш аз 30 сол дар инҷо монд.
Ӯ солҳои 1961-1968  дар трести «НоракТоҷикгидростой» ба ҳайси сардори қитъаи сохтмон, сардори сохтмони обанбори нирӯгоҳи Норак, сардори шуъбаи техникӣ кор карда, сипас муовини сармуҳандиси идораи сохтмони «НоракГЭСстрой» таъйин шуд. Солҳои 1968-1974  Н.Г.Савченков ба ҳайси сармуҳандиси ин идора кор кард ва соли 1974 якбора муовини сарвазири Тоҷикистон оида ба сохтмон таъйин шуд. Маҳз дар ҳамон давра давраи ҷаҳиши саноатии Тоҷикистон шуд: Корхонаи алюминсозӣ ва корхонаи фарфори Турсунзода ва худи ин шаҳр сохта шуданд, ба муносибати 100-солагии Садриддин Айнӣ хиёбони ба номи ӯ дар Душанбе бозсозӣ шуд ва муҷассамаи Айнӣ бо як маҷтамаи ёдгорӣ дар ин хиёбон қомат афрохт.
Соли 1978 Н.Г.Савченков ин мақоми баланд дар ҳукуматро ба хотири муҳимтарин сохтмони зиндагиаш – сохтмони нирӯгоҳи Роғун канор гузошт ва ба трести «Тоҷикгидроэнергострой» ба кор гузашт. Ҳамин тавр, ӯ тӯли 14 сол роҳбарии сохтмони нирӯгоҳи Роғунро ба дӯш дошт.
Ва аммо моҳи августи соли 1992, вақте ки СССР барҳам хӯрд ва сохтмони нирӯгоҳи Роғун қариб батамом қатъ шуд, Савченков ба нафақа баромад ва тарки нафақат мақоми сардори сохтмони Роғун, балки умуман тарки Тоҷикистон кард.
 «Ӯ он вақт бо чашмони гирён тарки Тоҷикистон кард. Барои он мегирист, ки натавонист муҳимтарин сохтмони зиндагиашро ба охир бирасонад. Тасаввур кунед, дар аввалҳои солҳои 90, вақте СССР алакай фурӯ пошида буд, Николай Григоревич ҳамчунон идора ба идора медавид ва зориву илтиҷо мекард, ки ин сохтмонро давом диҳанд. Вале он вақт касе дар фикри Роғун набуд дигар – СССР пош хӯрда буду Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ мерафт. Ва вақте фаҳмид, ки талошҳояш дигар беҳудаанду касе барои идомаи сохтани Роғун пул намедиҳад, Николай Григоревич ҳам дасту дилашро шуст. Вале вақте мерафт, талх-талх мегирист…» –  нақл кард ба «Бомдод» яке аз дӯстони Савченков.
Баъди тарки Тоҷикистон, Николай Савченков бо аҳли оилааш муддат дар Қрим ва сипас дар Краснодар зиндагӣ карда, дар авоили солҳои 2000 билохира дар Маскав маскан гирифтанд.
Дар поёни даҳаи аввали солҳои 2000, вақте ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи Роғун азм кард, Николай Савченковро дигарбора ба Тоҷикистон даъват карда, дар ин сохтмони барои кишвар ҳаётан муҳим мушовир таъйин карданд. Он давроне буд, ки Ӯзбекистон башиддат ба сохтани Роғун мухолифат мекард ва Николай Савченков аз ҷумлаи онҳое буд, ки ба сурати хеле фаъолона аз ин тарҳ пуштибонӣ мекард. Пуштибонии ӯ дар амри пеш бурдани тарҳи Роғун нақши муҳим дошт, зеро дар доираҳои байналмилалии энергетикӣ Савченков вазн ва нуфузу обрӯ дошт ва ба ҳарфи ӯ гӯш медоданд.
Николай Григоревич Савченков аз соли 1975 то 1992 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон буд. Ӯ ҳамчунин шаҳрванди ифтихории шаҳри Норак, Сохтмончии шоистаи Тоҷикистон буда, барои хидматҳояҳ бо орденҳои «Нишони фахрӣ» («Знак почета», 1982), се ордени «Байрақи сурхи меҳнат» ( «Трудовое красное знамя», 1960, 1973, 1976 г), ордени «Инқилоби Октябр» («Октябрская революция», (1980) ва медалҳои зиёд сарфароз гардонда шудааст.
Ҳамсари ӯ Элеонора Дмитриевна низ муҳандиси лоиҳакаш  ва сардори шуъбаи лоиҳакашии идораи сохтмони нирӯгоҳи Норак буд.
Савченков ду фарзанд дорад: Писари ӯ Степан  касби волидонро интихоб карда, сазовори унвони «Сохтмончии шоистаи Русия» шудааст. Наберааш Данила ҳам муҳандиси сохтмони нирӯгоҳҳост. Духтари ӯ Олга дар Маскав табиб аст. Степан дар Туркманистон ба дунё омада, дар Тоҷикистон ба воя расидааст, вале Олга дар Норак дида ба ҷаҳон кушодааст.
 «Николай Григоревич яке аз онҳое буд, ки дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши бузург бозӣ кардааст. Ӯ хеле самимона, бо тамоми қалбаш Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро дӯст медошт, барои ҳар пешрафти мо шодӣ мекард, барои ҳар нокомиамон ғусса мехӯрд. Ӯ аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун чӣ қадар шодӣ мекард. Зеро ин як қадами дигар ба сӯи ҷомаи амал пӯшидани муҳимтарин орзуи зиндагии ӯ буд. Николай Григоревич орзу дошт, ки анҷоми сохтмони нирӯгоҳи Роғунро бубинад. Ӯ ин нирӯгоҳро марвориди силсилаи нирӯгоҳҳо дар дарёи Вахш медонист», –  гуфт дар суҳбат бо «Бомдод» яке аз дӯстони Николай Савченков.
Николай Савченков таърихи зиндагиашро дар китоби тарҷумаиҳолии «Повесть о былом» ба риштаи тасвир кашидааст. Ӯ дар ин китоб дар бораи беш аз 30 соли зиндагӣ ва фаъолияташ дар Тоҷикистон бо як муҳаббату алоқаи вижа қисса мекунад. Дар бораи солҳои кораш дар сохтмони нирӯгоҳи Норак Савченков китобе бо номи «Нурек. Таджикистан. Энергогигант на Вахше» навиштааст. Ва соли 2012 дар Маскав китоби сеюми ӯ бо номи «Рогунская ГЭС. Жемчужина Вахшского каскада» ба чоп расид. Дар ин китоб Николай Григоревич бо тамоми ҳастиаш аз тарҳи сохтмони нирӯгоҳи Роғун дифоъ карда, ба аҳамияти он нафақат барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа таъкид мекунад. Ин китоб дар солҳое нашр шуд, ки алайҳи тарҳи сохтани Роғун мухолифатҳои шадид идома дошт ва кам касе бовар дошт, ки Тоҷикистон метавонад сохтмони ин нирӯгоҳро ба охир бирасонад. Аммо Николай Савченков ба ин то охир бовар дошт…

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.