расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Коргардон аз Лондон, намоиш онлайн, латифаҳо дар Фейсбук: кори Театри Конибдом дар пандемия

. / Ҷомеа

Коргардон аз Лондон, намоиш онлайн, латифаҳо дар Фейсбук: кори Театри Конибдом дар пандемия

Масъулони театр ин корро барои он мекунанд, ки дар давраи коронавирус тамошобинон аз театр дур нашаванд

Сурат: Фарход Ғаффорпур
Ба далели паҳн гардидани бемории коронавирус ва мутобиқи дастури Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории корнавирус, дар кишвар нишасту маъракаҳои зиёд, аз ҷумла, намоишҳои театру кинотеатрҳо манъ шуда буд. Ҳарчанд дар ин авохир дубора иҷоза шуд, вале мардум ба хотири ҳифзи амнияти саломатии худ ба театр хеле кам мераванд.
Аммо ҳунармандони Театери давлатии драммавии мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом барои ҳифзи тамошобинони худ, тасмим гирифтанд, ки намоишҳои худро дар шакли онлайнӣ,  намоишҳои гуфторӣ (аудиоспектакл) ба василаи радиои шаҳрӣ ва пешниҳоди латифаву саҳнаҳои кӯтоҳи ҳаҷвии видеоӣ дар саҳфаҳои маҷозияшон, пешкаш кунанд.
Директори театри мазкур Ғайрат Қодиров дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, дар ҳақиқат онҳо барои тамшобинони худ дар давраи ҳамагирии вирус низ кору фаълият мекунанд, то онҳо аз театр дур нашаванд ва дар ин рӯзҳо аз фаъолияти онҳо тариқи онлайн баҳравар гарданд.

Аввалин таҷриба: нахустнамоиши онлайнӣ 

Мо кулли ҳунармандони театр тасмим гирифем нахустнамоиши спектакелии “Бозича”-ро ба тамошоинони худ онлайнӣ, аз шабакаи YouTube намоиш диҳем. Ва намоиш аз ҷониби мухлисон гарму самимӣ пазируфта шуд, гуфт Қодиров.
“Намоиши онлайн  нисбат ба оне, ки дар назди бинандагон баромад мекунем душвортар аст. Чун, бубинед, коргардон ҳатто тамринро бо шумо тариқи интернет мегузаронад. Ин таҷриба соли аввал аст, ки мо ба бинандагон намоиши онлайн пешниҳод мекунем”, - афзуд Ғайрат Қодиров. 

Ӯ мегӯяд, коргардон-таҳиягари саҳнаи "Бозичаҳо", Фарҳод Ғаффорпур буда, қаҳрамонҳои асосии намоиш кӯдакон мебошанд, вале ин намоиш на барои хурдсолон, балки барои калонсолон таҳия шудааст.
“Қаҳрамонони асосии намоиш – кӯдакон, ба таваҷҷуҳу ғамхории волидон ниёз доранд. Масалан, дар намоиш падари як қаҳрамони мо 9 сол аст, ки дар муҳоҷират қарор дорад, волидони дигар қаҳрамон дар арафаи талоқ ҳастанд ва кӯдак фикр мекунад, ки маҳз ба хотири ӯ модар ва падар ҳар рӯз бо ҳам ҷанг мекунанд ва аз ҳам бояд ҷудо шаванд. Ин намоиш монанди ҳамин масъалаҳоро дар бар мегирифт”.

Ҳамкорӣ бо коргардони лондонӣ дар намоиши “Суруди вопасин”

Ҳоло бошад тасмим гирифтаанд, ки намоиши навбатии худ “Суруди вопасин” - “Лебединая песня”-ро бар пояи асари Чехов  ва ин бор ҳам онлайн ба тамошобинон бирасонанд. Роҳбари театр мегӯяд, агар эпидемия то моҳи январ беҳтар нашавад,  ҷамъ омадани тамошобинон дар театр метавонад хатарзо бошад. Аз ин рӯ ин намоишро охири моҳи январ рӯйи саҳна меорем.
Коргардони ин намоиши мазкур Авлёқули Хоҷақулӣ туркмани муқими Лондон аст, ки бо ҳунармандони ин театр ҳамкории танготанг дорад. 
Намоиши “Суруди вопасин” чанде аз мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла фурӯпошии хонаводаҳо ва муносибати ҷавонон дар зиндагиро фаро гирифтааст. Ин намоишро Бунёди Сорос дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.

Радио намегузорад тамошобин аз театр дур шавад!

Ҳамзамон ҳунармандони театри Конибодом ҳангоми пандемия таввасути радиои маҳалии “Kаndfm”  ба шунавандагон аудиоспектакли “Одатҳои шаҳрӣ”, асари Ҷумъа Қудусро пешниҳод мекунанд. Ин фаъолияти ҳунармандон низ истиқболи хуб шудааст ва ҳунармандон ҳоло сабти аудиоспектакили дигарро бо номи “Моҷаро дар чойхона” таҳия карда истодаанд. Театр фитаи “Одатҳои шаҳрӣ”-ро ба ҳаводорони нобинои худ ҳадя кардааст. Ҳамчунин ин ҳунармандон барномаи ҳаммуалифие  бо номи “Садои театр” роҳандозӣ кардаанд, ки рӯзҳои шанбе нашр мешавад ва барномаҳои театриро муффасалтар ба шунавандагон пешниҳод мекунад.
“Радио яке аз роҳҳои аз даст надодани мухлисон аст, ки мо бо онҳо ҳамкории хуб дорем ва барои ҳифзи тамошобинон бо онҳо ба василаи радио суҳбат мекунем”, - мегӯяд раҳбари театр.

Шабакаҳои иҷтимоӣ муносибати ҳунарманд бо тамошобинро қавӣ мекунад

Барои нигоҳ доштани тамошобинон, мо ҳунармандон тасмим гирифтем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар назди микрафон латифаҳои кӯтоҳ, ки 1 дақиқаро дар бар мегиранд, бикорем. Тамошобин хуб қабул намуд ва ҳоло ин ҳунари худро идома хоҳем дод. Наворҳои зиёди видеоӣ омода кардаем, ки дар давраи пандемия каме ҳам бошад бинандаро хушнуд кунад. Латифаҳоро ба шакли аудиоӣ дар радио низ ба шунаванда мерасонем, то муносибатҳо қавитар шаванд, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Намоишҳо дар қолаби филми мустанад 

Ин ҳунармандон нақша доранд соли равон 4 намоишро ба шакли филми мустанади телевизионӣ таҳия намоянд ва намоишҳоро мунаққидони дохилу хориҷ таҳлил мекунанду ба баҳс мекашанд. Аз ин сислсила ҳоло дуто ба марази тамошо гузошта шуда ва рӯзҳои охир, мустанади сеюми он низ ниҳоӣ мешавад.
“Мақсад аз ин тасмим, он аст, ки намоишҳои классикие, ки ба бинандагон дарку фаҳми он каме мушкил буд фаҳмонда шавад. Дар филм барои фаҳмотар шудан мунаққидони хориҷӣ онро бо забони театрӣ ва фаҳмо ба тамошобин мефаҳмонанд. Ин  таҳлили намоишҳо “Анализи спектакилӣ”-ро  як филми омӯзишӣ ҳам гӯем ғалат намекунем”,- гуфт раҳбари Театри давлатии мусиқӣ-драммавии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи Конибодом.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.